Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

надидам порсии, ки озодаро мӯнис бошад ва фарзонаро ғамгусор».

Дар назари аввал чунин менамояд, ки «Тарҷумон-ул-балоға» тарҷумае аз арабист. Номи китоб ба ин маъни ишора мекунад ва худи Родуёнӣ мегӯяд: Гуфтам, ки маро бад-он қадар ки фароз ояд, аз ин илм бад-ин китоб ҷамъ кунам ва таснифи шофӣ биёроям ва аҷноси балоғатро аз тозӣ ба порсии орам». Муаллиф, зоҳиран, таърифот ва фаслу боби асарҳои арабиро риоя кардааст ва махсусан «Маҳосин-ул-калом» ном асари Наср бинни Ҳасанро сармашқ қарор додааст. Лекин ӯ дар ҷамъ кардани асарҳо, ёфтани мисолҳо, шарҳу эзоҳи онҳо хеле меҳнат ва риёзат кашидааст, аз беҳтарин асарҳои бадеии форсӣ-тоҷикӣ бисёр чизҳоро ба даст оварда мутолиа кардааст ва дар ин роҳ чандин сол умри худро сарф намудааст.
Родуёнӣ мегӯяд: «Мисоли ҳар фасли алоҳида аз гуфтори устодон боз намоям, тоза намой бошад ҳунарозмойро ва суханпаймойро. Ва аз эзид таоло ҷиддатан тавфиқ хостам, дасти азиматро ба қалами имзо пайвастам ва рӯзгори андакро аз паси ин иштиғол сарф кардам. Ва бо масмӯъ ва матбуи хеш бисёр девонҳо ҷамъ кардам, то як раҳ ин китобҳо ба сар бурдам боб бар ақиби боб бо шарҳу фасле чанд, ки маъруфтар бувад ба урфи табоез чун тарсез ва таҷнис ва тақсим ва истиорот ва иштиқоқ ва иғроқ ва назоир ва амсоли вай бештар дидам ва бештар овардам то ҳама давоии унс¹ андар вай мавҷуд бувад, ҳамчунон дилро андар вай баҳраи дониш бувад, танро ромиш² бувад. Ва оммаи бобҳои ин китоб бар тартиби фусули «Маҳосин-ул-калом», ки Хоҷа Имоми Наср бинни-ул Ҳасан....
ниҳодааст, тахриҷ кардам ва аз тафсири вай мисол гирифтам ва лақабашро «Тарҷумон-ул-балоға» ихтиёр кардам».

Ин аст, ки ҳарчанд асари Родуёнӣ тарҷума нест, комёбиҳои назарияи адабиёти араб, аз он ҷумла, асарҳои Мӯътаз³ ва Куддама⁴ дар асари Родуёнӣ ба хубӣ истифода шудааст.
Умуман илми бадеи форсу тоҷик аз аввали пайдоишаш бо адабиёти араб алоқаи маҳкам дошт. «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ барои омӯхтани афкори назарияи давраҳои аввали тараққиёти адабиёти классикии форсу тоҷик сарчашмаи муҳиммест.

Баъд аз чоп шудани «Тарҷумон-ул-балоға» маълум гардид,
ки Родуёнӣ дар рафти таълифи китобаш «Маҳосин-ул-калом»
ном асари Абулҳасани Марғинониро сармашқи кори худ қарор

¹. Давоии унс — шартҳои хурсандӣ ва улфат.
². Ромиш — роҳат, осоиш.
³. Маълумоти муфассале, дар бораи Мӯътаз ва тарҷумаи русии рисолаи ӯ дар «Куллиёт»-и И. Ю. Крачковский (Избранные сочинения, т. IV.
М., 1960, сах. 9—330) омадааст.
⁴. Дар бораи Куддама дар ҳамон асари И. Ю. Крачковский (сах. 149— 170) маълумот ҳаст.

пешина
аз 303
навбатӣ