Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

часп тасвир кардааст, ки дар сурати кулл ташбеҳи мураккабро ташкил мекунад:

Чу ёкути хуршедров дузд бурд,
Ба ёкут ҷустан ҷаҳон пай фушурд²
Ба дузди гирифтанд маҳтобро³
Ки ин бурд он гавҳари нобро.

Яъне офтоб фурӯ рафт ва моҳ баромад. Ин ҳодисаро шоир бо монандҳои аҷибе овардааст, ки гӯё нури офтобро дузд бурд ва моҳро ба дуздии нури он муттаҳам карданд.

Боз Низомӣ фурӯ рафтани офтоб ва баромадани моҳро чунин тасвир мекунад:

Ки чун оташи рӯзи равшан гузашт,
Пур аз дуд шуд гумбади тезгашт4,
Шаб аз моҳ барбаст перове⁵,
Шигифте бувад — нур дар соя.

Боз дар ин бора мегӯяд:

Чу дар бурқаи кӯҳ⁷ рафт офтоб,
Сари рӯзи равшан фурӯ шуд ба хоб
Шаби тира чун аждаҳои сиёҳ
Зи моҳӣ баровард сар сӯи моҳ⁸.

Ҳамлаи сахтеро, ки Искандар ба як нафар сардори ҳабашӣ овардааст, Низомӣ чунин тасвир мекунад:

Ба кабки дарё чун дарояд уқоб,
Чӣ гуна ҷаҳад бар замин офтоб.
Аз он тиратар хусрави пилтан
Ба тундӣ даромад ба он ҳарзаман.

Низомӣ пеш аз ибтидо кардан ба ташбеҳ ба мухотаб хитоб карда мегӯяд: оё тасаввур мекунӣ, ки чӣ хел уқоб ба кабк ҳамла меоварад ва ё офтоб чӣ тавр якбора бар замин паҳн мешавад? Шоир бо ин савол дар зеҳни мухотаб назире ва монандӣ қарор медиҳад ва баъд мегӯяд, ки аз он ҳам бештар тундўтез ва бо қуввату шиддат Искандар бар он дев ҳамла ва ҳуҷум бурд. Яъне байти аввал ташбеҳкунандаи байти сонист.

Қатъи назар аз тартиби ҳамла, хусусан Искандарро ба оф-

¹ Ёқути хуршед — нури офтоб.
² Пай фушурдан — тай кардан, роҳ рафтан.
³ Ба дузди гирифтанд маҳтобро — яъне моҳ баромада нури хуршедрро гирифтааст, зеро моҳ нурро аз офтоб касб мекунад.
⁴ Гумбади тезгашт пур аз дуд шудан — шаб шудан аст.
⁵ Перов — асбоби зебу зинати арӯсон ва ҷавонзанон.
⁶ Шигифт — аҷиб, ғалатӣ.
⁷ Бурқаи кӯҳ — пардаи кӯҳ яъне маънои мисраъ он ки офтоб ба паси кӯҳ фурӯ рафт, шаҳ шуд.
⁸ Шаби сиёҳ монандӣ аждаҳо сар аз даруни моҳии зери замин берун карда, ба сӯи моҳ азм намуд.

пешина
аз 303
навбатӣ