Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

тоб ва ҳарифро ба замин ташбеҳ намудан хеле мавзун воқеъ шудааст ва ҳамоно ташбеҳи мураккаб лутфро дучанд зиёд кардааст.
Дар ин байтҳо Низомӣ дилро ба дузди хонагӣ монанд кардааст:
Ҳамеша дузд аз бегона хезад,
Бад аст он дузд, к-ӯ аз хона хезад!
Ба афсун аз дили худ раст натвон,
Ки дузди хонаро дарбаст натвон.

  1. Гоҳо барои як монандшаванда якчанд монанкунанда ҳамчун муқаддима оварда мешавад. Чунончӣ сифати хазон ва вафоти Лайлӣ:
    Шарт аст, ки вақти баргрезон хуноба чакад зи барги резон.
    Хуне, ки равон бувад зи ҳар шоҳ, берун чакад аз машоми сурох.
    Корураи1 об сард гардад, рухсораи боғ зард гардад.
    Шоҳ обилан ҳалок ёбад, зар ҷӯяду барг хок ёбад.
    Наргис ба ҷамоза2 барниҳад рахт, шамшод дарафтад аз сари тахт.
    Бар фарқи чаман алоқаи хок печида шавад чу мори Заҳҳок.
    Чун боди мухолиф ояд аз дур, афтодани барг ҳаст маъзур, нозукҷигарои боғ ранҷур, шириннамакони тоқ маҳмур.
    Андохта ҳиндуи кадевар3, зангибачагони тоқро сар.
    Сарҳон биҳӣ зи турраи коҳ овехта ҳам ба турраи шоҳ себ аз занаҳе бад-он нигуй бар нор занах зада, ки чунӣ?
    Нор аз ҷиҳати хафидҷи хеш хуноба чаконда бар дили реш.
    Дар маъракаи чунин хазоне шуд захмрасида гулситоне Лайлӣ зи сарири4 сарбаландӣ афтода ба чоҳи дардмандӣ шуд чашмзади баҳори богаш, зад бод тапонча5 бар чароғаш.
    Гашт он тани чун гули касабпӯш чун тори касаб6 заифу беҳуш, савдои дилаш ба сар баромад, сарсоми сараш7 ба дил даромад гармон тамуз жоларо бурд, боз омаду барги лоларо бурд.

1 Корура — шишаи санҷиши бавли бемор.
2 Ҷамоза — шутури тезрав ва даванда.
3 Ҳиндуи кадевар — боғбон.
4 Сарир — тахт.
5 Тапонча — зарба, шаппотӣ, торсакӣ,
6 Касаб — як навъ матои нафис, ки аз катои мебофтаанд.
7 Сарсоми сар — ҳолати ошуфтагӣ, савдоигӣ, парешонҳолӣ ки наздик ба девонагист.

пешина
аз 303
навбатӣ