Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар ин байт беоромии шоир ба ҳолати сипанд (ҳазорисванд), ки дар оташ месӯзад, монанд карда шудааст. Дар мисраи якум ҳолати шоир тасвир шуда, дар мисраи дуюм ҳодисае, ки ташбеҳкунандаи ҳолати шоир ва эзоҳдиҳандаи он аст, омадааст.
Дар мисоли:
Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,
Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.
(Соиб)
таркиби мушти хошок ба ҷои таркиби хор-хор ва калимаи вайрона ба ҷои таркиби дили бетоб ва селоб ба ҷои умр омада, мисраи дуюмро дар сурати кулл эзоҳкунандаи мисраи якум гардонидаанд: умр рафт, поям ба гӯр расид ва корӣ дурусте карда натавонистам, баръакс ҳасрату надомат дар дили беқарор монд. Гӯё умр селобе буд, ки бо як ҷӯшу хурӯше омаду рафт ва як мушт хошок (ҳасрат ва надомат) дар ин вайрона (дил) боқӣ монд.
Агар ба таври дигар таъриф намоем, ташбеҳи мураккаб он аст, ки аз фароҳам омадан ва гун шудани якчанд чиз як ҳолати маҷмӯе пайдо мешавад, ки он ҳолат ба воситаи ташбеҳ адо шуда бошад:
Бод дар кӯҳсор ҷоми бодаро бар санг зад,
Гул ба ханда гуфт: оре, инчунин бояд задан.
Дар ин байт ташбеҳ на танҳо аз як чиз, балки аз як ҳолати маҷмӯе иборат аст, ки эзоҳи он ба таври зер мебошад.
Бод вақте ки башиддат мевазад, гулбун (гулбутта) шохи нозукро ҳамроҳи гулҳояш бар замин меафканад. Шоир ин ҳолатро чунин тасвир мекунад, ки гӯё бод пиёлаҳои лоларо бардошта бар замин мезанад.
Ё ки ин байти Бадри Чочӣ:
Чу насими саҳарӣ атр ба саҳро овард,
Моҳ рух дар тутуки¹ анбари соро овард.
Вақте ки насими саҳарӣ ба саҳро аз гулҳои гуногуни боғу бӯстон хушбӯйҳо овард, моҳ рӯи худро дар пардаи либари соро печонид. Яъне баъд аз он ки саҳар шуду субҳ дамидан гирифт ва насими саҳарӣ вазида мушкафшонӣ намуд, моҳ низ ба рӯи худ пардаи мушкин гирифта ба пинҳон шудан сар кард. Байт дар шакли ҷумлаи мураккаби тобеъ сохта шудааст, вале сарҷумла (мисраи дуюм) ташбеҳкунандаи ҷумлаи пайрав (мисраи якум) аст.
Низомии дар «Искандарнома» тулӯъ ва гуруби офтобро ба таври баёни воқеъ ба истиорот ва ташбеҳоти ширин ва дил-
¹ Тутук — парда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё