Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
тасвир намудани предмет ва ҳодисаҳои гуногун ба шоир ва нависанда имконияти матлубе медиҳад. Мунаққиди бузурги рус В. Г. Белинский қайд карда буд, ки «маҷоз ногузирона ифодаи образнокро ба майдон овард».
Нависандагон ва шоирони мо баробари аз халқ омӯхтан ва истифода бурдани маҷозҳое, ки дар давоми асрҳо халқ эҷод кардааст, аз худ низ бисёр маҷозҳо эҷод кардаанд, ки боиси бой шудани забонамин, дилчасп ва зебо тазоҳур намудани он шудаанд.
Бо мисолҳои зерин маҷоз ва мавқеи онро дар соҳаи тасвири бадеӣ эзоҳ намоем:
Дар ин байтҳои Ҳофиз:
а) Эй нури чашми ман, сухане ҳаст, гӯш кун,
То соғарат пур аст, бинӯшону нӯш кун!
б) Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-эй нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ.
таркибҳои «нури чашм» ба маънои аслию ҳақиқии худ — ба маънои равшании чашм не, балки дар байти якумӣ ба маънои дӯсти наздик ва ёри ҷонӣ ва дар байти дуюмӣ ба маънои фарзанд истеъмол шудааст.
Дар ин байти Камоли Хуҷандӣ:
Гарчӣ рафт он орази чун об боз аз рӯи чашм, Чашми он дорам, ки «оби рафта боз ояд ба ҷӯй».
калимаи «чашм» дар мисраи якум ба маънои аслӣ буда, дар мисраи дуюм ба таркиби «чашм доштан» даромадааст ва ин таркиб маънои маҷозии умедвор будан, нигарони лутфу марҳамат буданро ифода мекунад. Ин аст, ки калимаҳо дар контексти гуногун, дар таркиб ба ибораҳои гуногун дорои мафҳумҳои нав мешаванд:
«Аммо вақте ки гап дар бораи маънои ишқии шеърҳо мерафт, пешониашро турш карда, ба абрувонаш чин оварда: «ҳоло ба ту барои фаҳмидани ин гуна чизҳо вақт нарасидааст, калонтар шавӣ, фаҳмида меравӣ», — мегуфт» (С. Айнӣ).
Дар ин мисол таъбири пешониашро турш карда маънои маҷозии чеҳраи ғазабомези итобангез ва норизомандиро ифода мекунад.
Дар шаби моҳтоб, дар шаби тор
З-осмонаш ситора меборад.
Аз чароғи электрик ба сараш
Хирмони пуршарора меборад.
Дар ин мисол ифодаи боридан ба маънои дигар, ғайриаслӣ рафта, анбӯҳӣ ва фаровонии ситора ва ибораи хирмани шарораро нурҳои равшан ва дурахшони чароғи электрикиро ифода мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё