Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ин такаллӯфҳои ман дар шеъри ман
«Кӯллимний ё хумайрони ман!» аст1.
Албатта тамоми шеърҳои Камол ин гуна пуртакаллуф нест ва ӯ бисёр шеърҳои содда, равон ва самими ҳам дорад.
Дар ҳар сурат аз устодони гузашта танқидан фоида бурда аз як тараф, дар интихоби мазмунҳои баланд бояд кӯшид, инчунин аз тарафи дигар, дар соҳаи интихоби шакли зебо ва таносуби маънои калимаҳои дилкаш кӯшиш бояд ба кор бурд.
Санъати таносубро мурооти назир низ меноманд. Мурооти назир дар луғат риояи назир (монанд) гуфтан аст. Дар тазкираи Давлатшоҳӣ барои мурооти назир ин рубоии Мавлоно Лутфуллои Нишопурӣ мисол оварда шудааст:
Дар Марв вазир лола оташ ангехт,
Дӣ нилуфар аз Балх дар об гурехт.
Дар хоки Нишопур гул имрӯз шукуфт,
Фардо ба Ҳарӣ бод суман хоҳад бехт.
Дар ин рубоӣ аз рӯи муносибати калом ва талаби риояи назир чор рӯз, чор шаҳр, чор унсур ва чор гул зикр ёфтааст.
Аз мисоли мазкур маълум мешавад, ки мафҳуми санъати таносуб умумӣ ва васеътар буда, мурооти назир як ҷузъи он аст, вале асосан мурооти назир муродифи таносуб асту бас.
Ибдоъ
Ибдоъ дар луғат ба маънои тарзи нав эҷод кардан, навоварӣ ва офариниш буда, вале дар истилоҳи бадеъ ба маънои падид овардани мазмуни тоза ва обнорасида, эҷоди маънии латифу нағз дар назму наср аст. Бояд калима ва таркибҳо содда, пухта, форам ва паси ҳам баҷои худ чида шуда, умуман байтҳо равону дилчасп ва аз такаллуф озод бошад. Инчунин аз тарафи шакл, ҳам аз тарафи мазмун дар он моли касе омехта набушад. Хулоса карда гӯем, ибдоъ он аст, ки маънии латифу хуш дар либоси калима ва таркибҳои нозуку мулоим ҷилвагар гардад.
Дар айни ҳол ибдоъро як санъати махсус набояд ҳисоб кард. Ибдоъ монанди таносуби калом шомили саноеи лафзӣ ва маънавист. Бинобар ин Рашиди Ватвот ва чанде дигар аз муаллифони илми бадеъ ибдоъро аз қатори саноеъ нашумурдаанд.
Мисол аз Муиззӣ:
Шудааст боғ пур аз риштаҳои дурри хушоб,
Шудааст роғ пур аз тӯдаҳои анбари ноб,
1 Мазмуни байт: ман зинати шеърҳои худро хеле дӯст медорам, чунон ки Муҳаммад зани хурдсоли сурхрӯи худро дӯстдорикунон мегуфт: Гап зан, эй сурхаки ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё