Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

дахону миён (камар) ва сирри ғайб дар ноёбию тангии таносуб мавҷуд аст. Яъне асли максади шоир ин аст: дахони маҳбуба чунон танг ва миёни ӯ чунон борик аст, ки ҳеҷ ҳисоб кардан мумкин аст.
Боз Камол гуфтааст:

Нуктан он дахан имкон ки бибинам ба хаёл
Ки чу паргор ба гирди сари ӯ гардидам.

Мақсади шоир ин аст, ки мумкин аст, нуктаи даҳони ёрро дар хаёл бибинам, тасаввур кунам, чунки паргорвор ба гирди сари ёр мегардидам. Дар ин мисол миёни нукта ва паргор, дахон (даҳони танг) ва хаёл таносуб мавҷуд аст. Яъне даҳони ёр мисли нуктаи паргор аст ва миёни ӯро фақат дар хаёл тасаввур кардан мумкин аст.
Байти дигар аз Камол:

Камар, — гуфта будӣ, ки — бандам ба хунат,
Камар худ чӣ бандӣ, нагӯй: миёни ку?

Гӯё маъшуқаи бераҳм ба ошиқ гуфтааст, ки ба хун рехтатани ту камар мебандам, вале ошиқ аз ӯ суол мекунад, ки чӣ камар мебандӣ ки худи миён (камар) вуҷуд надорад.

Хулоса, ин гуна калимабозӣ аз миёни шоирони пешина дар осори бадеии Камол бештар мушоҳида мешавад. Дар калимабозӣ ва сухансароӣ Камол мушкилписандиҳои аҷибе дорад. Масалан, дар санъати таҷниси лафзӣ, маънавӣ ва иҳом аз ҳамаи шоирон мегузарад. Гоҳо ин мушкилписандиҳои амиқ ва ботакаллуфона ӯро аз самимият берун мебарад. Бинобар ин тазкиранависон баъзан ӯро танқид карда мегӯянд, ки Камол дар шеър такаллуф ба кор мебарад.

Такаллуфҳои ӯро аз ин байтҳояш нағз ва возеҳ фаҳмида мешавад:

Ба ҳиҷрон чангҳо дорем бо зулфу даҳони ӯ
Аз он миму ду дол имрӯз мебояд мадад моро.

Ба ҷуз аз ташбеҳи дахон ба мим (م) ва ташбеҳи зулф ба дол (.) калимаи мадад (مدد), ки дорои як миму ду дол аст, ба мавзӯъ алоқаманд аст.
Ё ки байти зерини Камолро гирем:

Дида то мими даҳону нуни абрӯи ту дид, Нақши ӯ бастам ба дил, чун ҳарду бошад нақши ман.

Аввало калимаҳои дида ва дид таҷниси ноқис буда, мегӯяд: агар мими даҳон ва нуни абрӯи ёр ба дили ман нақш бандад, «ман» мешавад. Инак, Камол аз камоли такаллуф ва мушкилписандӣ лирикаро ба таъмия (муаммосозӣ) омехтааст. Ҳоло аз забони худи шоир шунавем:

пешина
аз 303
навбатӣ