Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

Ҳалли ин ҳама масъалаҳо хеле мушкил аст, вале дар натиҷаи омӯзиши ҷиддии осори нависандагон ва адабиётшиносон имконпазир хоҳад буд.

Чунон ки шоири бузурги Озарбойҷон ва яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти форсу тоҷик Хоқонӣ гуфтааст:

Суварнигорӣ1 ҳадисам2, вале дар он сурат,
Ки ҷон дар он натавонам ниҳод, нангорам,

Шоир дар ин ҷо талаберо, ки дар назди эҷодиёти худ гузошта буд, баён намудааст. Хоқонӣ худро ба сураткаше монанд кардааст, ки бо сухан сурат мекашад. Вале ӯ талаб кардааст, ки шоир бояд бо сухан на танҳо сурат кашад, балки ба он сурат ҷон дамад, онро чун одами ҳақиқии зинда пеши назари хонанда намоён кунад ва агар ин кор аз дасти шоир наояд, ӯ бояд шеър нанависад. Дар ин байт нуктаи назари шоир доир ба адабиёт баён ёфтааст ва ҳамин гуна талаботро мо дар асарҳои назарӣ низ дида метавонем.

Он асарҳое, ки то Инқилоби Октябр, дар бораи назарияи адабиёт таълиф ёфтаанд, кадомҳоанд?

Шумораи ин гуна асарҳо хеле бисёр аст, вале ҳамаи онҳо то замони мо омада нарасидаанд ва чанде аз онҳо тамоман гум шуда ё ҳанӯз ба дасти тадқиқотчиён надаромадаанд. Он қисм асарҳои назарӣ, ки то замони мо расидаанд, низ ҳамагӣ ба як қимат набуда, баъзеашон ҳақиқатан асари илмии тадқиқӣ бошанд, баъзеашон аз такрори асарҳои пештара иборатанд. Шоирон ва дӯстдорони шеъру адаб шеър ва шоириро бо ду роҳ омӯхта омадаанд: яке бо роҳи тазкираҳо ва дигаре бо роҳи таълифи китоб ва рисолаҳое, ки ба масъалаҳои умумии адабиёт, вазн, қофия ва бадеъ бахшида шудаанд.

Тазкира асарест, ки тарҷумаи ҳоли кӯтоҳи нависандагон, баҳои мухтасари эҷодиёти онҳо ва намунаи асари онҳоро дар бар мегирад. Машҳуртарин тазкираҳои таърихи адабиёти тоҷик аз қабили «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммади Авфии Бухороӣ (асри XIII), «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (асри XII), «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (асри XV), «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Ҳасании Нисории Бухороӣ (асри XVI), Тазкираи Мутрибии Самарқандӣ (асри XVI), «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ (асри XVII), «Оташкада»-и Лутфналибеки Озар (асри XVIII), «Хизонаи омира»-и Ғумомалихони Озод (асри XVIII), «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Тазкират-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонӣ (асри XIX), «Тизкори ашъор»-и Садри Зиё (ибти-

  1. Суварнигор — сураткаш.
  2. Ҳадис — сухан.
пешина
аз 303
навбатӣ