Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

адабиёт бояд огоҳ бошанд, то ин ки дар фаҳмидани адабиёти классикии тоҷик ва таҳлили он салика пайдо кунанд.

Яке аз вазифаҳои муҳими мактаб ин аст, ки дар шуури талабагон эҳсосоти баланди эстетикӣ ҳосил намояд ва аз он ҷумла ҳаваси шеърсанҷии онҳоро хеле боло барад. Иҷрои ин вазифа хусусан дар ҷумҳурияти мо душвор аст, зеро ки адабиёти классикии форсу тоҷик адабиёти қадимии олӣ ва мураккабе буда, барои фаҳмидани ҳама назокату нафосати он меҳнати бисёр талаб карда мешавад. Шоирони мо ҳама нуктасанҷ, мӯшикоф ва мудаққиқ буданд ва барои фаҳмидани шеъри онҳо низ нуктасанҷию мӯшикофии лозим аст. Муаллими адабиёти мактаби миёна вазифадор аст, ки дар давоми солҳои таълим талабагонро ба хондани адабиёти классикӣ тайёр намояд.

Халқи тоҷик дар давоми ҳазор сол як адабиёти бузург эҷод намудааст, ки дорои санъати олӣ буда, ғояҳои баланди инсонпарваронаеро ифода кардааст ва чӣ аз ҷиҳати ғоявӣ, чӣ ба эътибори шакли бадеӣ хусусиятҳои хосе дорад. Дар айни замон адибони гузаштаи мо бо масъалаҳои назариявии ин адабиёти бузурги худ низ машғул гардида, хусусан дар илми поэтика бисёр асарҳо таълиф намудаанд. Имрӯз барои ин ки адабиёти классикиро ба хубӣ азхуд кунем, аз он асарҳои назарӣ низ хабардор буданамон лозим аст.

Баъзе намояндагони барҷастаи назми классикии форсу тоҷик дар назария асарҳои алоҳида офаридаанд, ки мисоли онро мо дар поёнтар хоҳем дид. Лекин дар таърихи маданияти мо чуҳии олимони забардаст ҳам буданд, ки махсусан бо омӯхтани илми адабиётшиносӣ машғул гардидаанд. Ин олимон таҷрибаи шоирони бузургро аз ҷиҳати назарӣ ҷамъбаст намуда, мувофиқи талаботи замони худ барои муайян кардани қонуниятҳои эҷодиёти бадеӣ кӯшиш нишон медоданд. Онҳо қонуниятҳои вазн, қофия ва санъатҳои бадеиро хеле муфассал ва дақиқ таъин карда, дар ин хусусҳо барои ҷавонон дастуруламали возеху равшане додаанд. Олимони адабиётшинос дар бораи моҳияти адабиёт, доир ба муносибати мазмуну шакл ва мисли ин дигар масъалаҳои муҳими назарӣ бисёр фикрҳои ҷолиби диққат баён намудаанд. Ин фикрҳои онҳо дар замони худ барои инкишофи адабиёти пешқадам ва ба халқ наздик шудани он нақши муайяне бозида буд.

Дар таърихи адабиёт ва афкори эстетикӣ бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки онҳоро бе ёрии мероси назарӣ ҳал кардан мумкин нест. Масалан, масъалаи ин ки дар давраҳои гуногуни инкишофи адабиёти классикии мо нисбат ба асри бадеӣ чӣ гуна талабот гузошта мешуд. барои муайян кардани бадеияти асар чӣ меъёрҳое вуҷуд дошт, чӣ назарияҳое буданд, ки адабиёти прогрессивиро пеш мебурданд ва кадомӣ онҳо адабиёти ртиҷоиро ғизо медоданд ва амсоли ин.

пешина
аз 303
навбатӣ