Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Кабк мегаш(т) тез он сон гӯиё
Бол накшода заминӣ мепарид...
Дар порчаи зер низ аз калимаи мискинак й-и дароз ба и-и кӯтоҳ бадал шудааст:
Дар раҳи таклид аммо мискинак,
Гашти худро ногаҳон аз ёд бурд.
Ҳам нашуд ӯро муяссар гашти кабк,
Чун пари каҳ мақсадашро бод бурд.
Инчунин дар байти зерини Ш. Мастон ки аз шеъри «Гунҷишки баландпарвоз»-и ӯст, ҳарфи «д» аз калимаи балан(д) парвоз зиёд буда, шеърро ба сакта дучор кардааст:
Бахти гунҷишк ин тариқи боз шуд,
Чун уқоби бас балан(д) парвоз шуд.
Вазни ин ду порча фоилотун фоилотун фоилун аст.
Дар байтҳои зерин низ ҳамин ҳодиса рӯй дода, боиси сакта шудааст:
Ба ям ово(з) суруди фатҳ хонда,
Ба зидди хасми инсон медавидем.
(Тарҷумаи Қутби Киром).
Дар ин байти Лоиқ низ садоноки дарози «й» аз вазн зиёд аст:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домод(и) медӯзӣ ба сад ният.
Дар мисоли зерин барои саҷъи байт Ҷомӣ ба ҷои «овоз»
калимаи «ово»-ро овардааст, ки шакли кӯтоҳи овоз аст:
Ҳар гаҳ он зоғ мекашад ово,
Ояд овон ӯ бад-ин маъво,
То маро ҷои будан ин маъвост,
Гӯши ман бар садои он овост.
Сактаи малеҳу қабеҳ
(Мазҳуфи мурассаҷ ва ғайри мурассаҷ)
Аз тақтеъи зиёд афтодани ҳамсадои охири ҳиҷои рақами 4, 5, 6 вобаста ба рукнҳои вазни матлуб буда, дар баъзе маврид раво шумурда мешавад.
Чунон ки дар вазни муктазаби мактӯъ (фоилоту мафъӯлун — V — V/ — — — ду бор дар байте) ҳарфе аз охири рукни дуюми гоҳе зиёд меафтад, ки сактаи малеҳ (мазҳуфи мурассаҷ) номида мешавад:
Майпарасту ҷодам, нашъаи азал дорам,
Ҳамчу донаи ангу(р) шиша дар бағал дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё