Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар рукни сеюми мисраи дуюм ҳиҷои кӯтоҳ ба вазифаи ҳиҷои дароз омадааст, вале ин ҳолат дар маснавии Румӣ ҳамчун хоссаи факки изофат (тарки изофат) ҳисоб мешавад. Вале ин ҳолатро соҳибзавкони мутааххирин ва ҳозиразамон қабул надоранд.

САКТА
(Завоид)

Акнун доир ба сакта ё ки завоид чанд мисолро дида бароем:
Дар шеъри зерини Ф. Ансорӣ дар калимаи нахустин «Лайлӣро» сакта вуҷуд дорад:

«Лайлӣро ба чашми Маҷнун дид бояд» гуфтаанд,
Ин шиори ошиқон будаст аз даври куҳан.
Лек дар айёми некӣ корҳои нав ба нав
Духтарони Ваҳшро бинед бо чашмони ман.

Вазни шеър фоилотун фоилотун фоилун аст.
Рукни аввал бо рукни мафъулун иваз шудааст, ки ғайри қонуни арӯз буда, й-и дароз зиёд афтодааст.
Дар мисоли зерин ҳарду ҳиҷои калимаи «нерӯ» аз ҳиҷои дароз иборат буда, ҳиҷои дуюмини он аз вазн берун аст. Аз ин рӯ бояд ба ҷои «нерӯ» калимаи қувва оварда мешуд:

Дар сириштам ду нерӯи носоз,
Байни ҳам ҳарбу зарбҳо доранд.
(Лоиқ).

Вазни ин шеър хафифи мусаддаси солими маҳбуни аслами мусаббағ буда, фоилотун мафоилун фаълон мебошад. Вале дар мисраи якумин ба ҷои рукни дуюм — мафоилун-маҳбун рукни мафоилун-солим омадааст, яъне ба ҷои ҳиҷои кӯтоҳ ҳиҷои дароз омадааст.
Дар ин байти Ҳайдаршоҳ аз охири калимаи «сап-сафед» ҳарфи «д» аз вазн зиёд аст:

Ҳама ҷо барф боридаст, хоб аст,
Ҳама ҷо сап-сафе(д) ҳамчун саҳоб аст.

Вазнаш: мафоилун, мафоилун, мафоилл V — — — / V — — — / V — ~ ё фаўлун.
Дар ин порча, ки аз шеъри Ш. Мастон ба номи «Ҳадиси акка» интихоб аст, дар охири феъли мегашт ҳарфи «т» аз вазн берун воқеъ шудааст:

Ногаҳон як рӯз дар домони кӯҳ,
Дид акка гаштани кабқи дарӣ,

пешина
аз 303
навбатӣ