Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАРОМАДИ СУХАН

Илмҳои ёваре, ки дар роҳи пероиши санъатҳои бадеӣ ва услуби суханварӣ замина ҳозир мекунанд, аз балогату фасоҳат (маонӣ, баён, бадеъ, арӯз ва қофия) иборат буда, маълумоте ҳам дар бораи шеъру наср, хелҳои наср: насри мурсал, мусаҷҷаъ ва мутакаллиф, таносуби калом, ибдоъ, маънои аслӣ ва маҷозии калимаҳо, маҷозии мурсал зикр кардан лозим меояд.

Балогату фасоҳат

Балогат дар луғат ҷавон ва расидан ба мунтаҳои чизе, комил шудан, расоӣ дар сухан ва зебоӣ буда, дар истилоҳи арабӣ сифати сухан ва гӯянда мебошад. Мурод аз балогат расонидан ба мақсад аст. Балогат сифати калима нест, чунки калима ба танҳоӣ аз ӯҳдаи адои мақсад баромада наметавонад. Сифати сухан будани балогат он гаҳ собит мешавад, ки мувофиқи муқтазои маҳал ва ҳол эрод ёбад. Сухан дар мавриде ба таъкид ва дар мавриде бе таъкид омада, мавқеъ эҷоз ва мавқеъ тафсиро талаб мекунад. Дар макоме бо ҷумлаҳои мураккаб ва ё услуби олӣ дар ҷои дигар бо ҷумлаҳои соддаву осон суханронӣ кардан сазовор аст. Агар шунаванда мункири гуфтор бошад, калом бояд бо ҳуҷҷату бурҳон устуворӣ ёбад. Дар баъзе мавқеъ возеҳ ва дар баъзе мавқеъ ба талмеҳ — бо ишора ва киноя сухан меравад. Ҳар қадар ин шартҳо ба амал гузошта шавад, калом ҳамон қадар балеғтар ва бурротар зуҳур мекунад.

Фасоҳат дар луғат ба маънои зуҳур, возеҳият, шевоӣ ва равонӣ, вале дар истилоҳи адаб ба маънои кушодазабонӣ, гӯӣ, буррӣ мебошад. Огоҳӣ аз фасоҳат, огоҳӣ аз латофату салосати лафз аст. Инчунин дарки муҳассаноти зотӣ ва аразии сухани манзум ва мансури тоҷикӣ ба воситаи муайян кардани калимаи фасеҳ ва ғайрифасеҳ муяссар мегардад. Ба ибораи дигар, муҳимтарин шарти фасоҳат раҳонидани калом аз бастагӣ ва чигилӣ мебошад.

Бинобар он ки фасоҳат ҳусни зоҳирӣ ва балогат — ҳусни маънавист, ин ду ба дараҷаи асл буда, саноеъ ва муҳассаноти бадеӣ ба манзалаи фаръ аст.

Маҳмуди Ҳумин дар асари худ «Ҳофиз чӣ мегӯяд» дар бораи балогат ва фасоҳат аз назариячиёни саромади форсу тоҷик иқтибос оварда мегӯяд: «Шамси Қайси Розӣ расоӣ (балогат)-ро чунин таъриф кардааст: «Маънии балогат он аст, ки он чӣ дар замир бошад ба лафзи андак, бе он ки ба тамоми маънии он халале роҳ ёбад, баён кунад ва дар он чӣ ба дароз кашидани сухан эҳтиёҷ афтод, аз қадри ҳоҷат дар нагузарад».

Шамсуламои Гургонӣ ҳамин маъниро кӯтоҳтар ва ҷомеътар карда гуфтааст: «Балогат, яъне мутобиқати каломи фасеҳ бо муқтазои ҳол ва мақом». Ва муроди ӯ аз ин иқтизои ҳамон таносуби сурат ва маънои шеър аст аз назари эҷоз, итноб ва таъкидот ва киноя».

пешина
аз 303
навбатӣ