Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан
  1. Хоҷу гуфтааст:
    Кай барканам дил аз рухи ҷонон, ки меҳри ӯ,
    Бо меҳр дар дил омаду бо ҷон бадар шавад.

Ҳофиз ин мазмунро бурдааст:
Ишқи ту дар замираму меҳру ту дар дилам,
Бо шир дар дил омаду бо ҷон бадар шавад.

  1. Низомӣ гуфтааст:
    Май, ки ҳалол аст ба ҳар як мақом,
    Душмани ақли ту карда ҳаром.

  2. Хусрави Деҳлавӣ мазмуни Низомиро бурдаасту ба дараҷаи латофати сухани Низомӣ нарасондааст:
    Оби инаб¹ ҳаст ҳалола ба ком,
    Феъли ту кардаш ба такаллуф ҳаром.

  3. Бисотӣ гуфтааст:
    Дил шишаву чашмони ту ҳар сӯй барандаш,
    Мастанд, мабодо ки баногаҳ шиканандаш.

  4. Урфии Шерозӣ ин мазмунро бурдааст:
    Дорам ба чашми ӯ дили андӯҳпешаро,
    Ғофил, ки зуд мешиканад, маст шишаро.

  5. Дар санъати таҷниси зоид Қатрон гуфтааст:
    Касе ки раста шуд аз мӯи гашта буд чу мӯй,
    Касе ки хаста буд аз нола, монда буд чу нол².

  6. Рашиди Ватвот гуфтааст:
    Дар ҳасрати рухсори ту, эй зеборӯй,
    Аз нола чу нол гаштам, аз мӯя³ чу мӯй.

  7. Ҳофиз ин мазмунро бо таври маҳорати баланде ифода намудааст:
    Баски аз мӯи миёни ту ҷудо мӯидамам⁴,
    Танам аз мӯя чу мӯе шуду он мӯй намонд.

  8. Шоҳин ин мазмунро дар чанд ҷо ба кор бурдааст:
    Дар мотаму мусибаташ аз мӯя шуд чу мӯй Аз нола ҳар ки пайкари ман ҳамчу нол ёфт.

¹ Оби инам — оби ангур, шароб.
² Нол — най, ной сусту борик ва миёнхолист.
³ Мӯя — фиғон — фарёд.
⁴ Мӯидан — фиғону фарёд кардан.

пешина
аз 303
навбатӣ