Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
-
Мирзо Ғолиб ин мазмунро чунин ифода кардааст:
Он роз ки дар сина ниҳон аст, на вазъ аст,
Бар дор тавон гуфту ба минбар натавон гуфт. -
Саъдӣ гуфтааст:
Шабпара гар васли офтоб нахоҳад,
Равнақи бозори офтоб нахоҳад. -
Ҳофиз ин мазмунро бо мақсади дигар чунин ба кор бурдааст:
Васфи рухсораи хуршед зи хаффош1 мапурс,
Ки дар ин оишан соҳибназарон ҳайронанд. -
Сайидо низ ин мазмуни Саъдӣ ва Ҳофизро бемуваффақият ифода кардааст:
Гурезон шуд, шабпар аз моҳтоб Нишаста дар андешан офтоб. -
Ҳофиз гуфтааст:
Шаби торику бими мавчу гирдобе чунин хоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо. -
Аз тарафи шоири номаълуме дар сурати холи аз латофат ва тақлиди маҳзи хушк чунин ифода ёфтааст (ки дар «Анвари Суҳайлӣ» нақл шудааст):
Шаби торику ҳавли раъду бороне бад-ин тундӣ,
Куҷо парвои мо доранд сармастони маҳфилҳо. -
Саъдӣ гуфтааст:
Ошиқон куштагони маъшуканд,
Барнаяд зи куштагон овоз. -
Ҷомӣ ин мазмунро бурда бо маҳорат ифода карда бошад ҳам, ба дараҷаи самимият ва салосати Саъдӣ немерасад:
Ҷудо монд аз ту Ҷомӣву нанолид,
Зи кушта барнаяд ҳаргиз овоз. -
Бедил гуфтааст:
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо,
Бар руҳат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо.
Нақибхони Туғрал мазмуни Бедилро дар сурати дағал ифода кардааст:
Аз хаёли қоматаш акнуи асо мебоидам,
Бори сангини фироқаш карда ҳам дӯши маро.
1 Ҳаффош — шабпарак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё