Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ҳ. Юсуфӣ, М. Раҳимӣ, Ф. Ниёзӣ, М. Аминзода, Б. Раҳимзода қадри имкон мисол интихоб кардем.
Мумкин аст, баъзе аз хонандагон гумон кунанд, ки бисёре аз воситаҳои тасвироти бадеӣ, яъне як қисми санъатҳои бадеӣ чизҳои кӯҳна буда, ба мо он қадар ҳам ҷои лузум надоранд. Ба ин суоли муқаддар ва эҳтимолӣ низ ба таври ҷавоб аз шоирон ва нависандагони шӯравӣ, ҳатто аз осори ҷавоншоирон намуна гирифта шуд. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки санъатҳои шеърии табиӣ ва ғайритакаллуфӣ ба замми латофати вазн, барҷастагии бадеӣ буда, боиси зебоии тасвири адабӣ хоҳанд шуд.
Дар бораи истилоҳоти адабӣ низ лозим меояд, ки каме гуфтугӯ намоем. Дар масъалаи истилоҳот дар ин асар баъзе тағйироти ҷузъӣ дароварда шуд. Калимаҳои бисёр мураккаби арабӣ то ҳадди имкон ба тоҷикӣ гардонида шуд, вале аксарияти онҳо ба ҳолати аввалии худ монд. Аз ҷумла калимаи ташбеҳ, истиора ва монандӣ инҳо ба ҳолати аслӣ монда шуда бошад ҳам, ба ҷои истилоҳи мушаббаҳ истилоҳи нави монандшаванда ва ба ҷои мушаббаҳунбиҳ калимаи монандкунанда ё ташбеҳкунанда қабул шуд, ба ҷои адоти ташбеҳ истилоҳи ёридиҳандаи монандӣ ва ба ҷои ваҷҳи ташбеҳ истилоҳи сабаби монандӣ қабул гардид. Инчунин ба ҷои мустаор мо истиорашаванда гуфтем ва ба ҷои мустаорун минҳу истилоҳи соҳибистиора гирифта шуд. Инчунин ба ҷои калимаи ташбеҳулмашрӯт ташбеҳи шартӣ, ба ҷои илтифот гардиш, ба ҷои тансиқуссифот сифатчинӣ қабул гардид. Санъати ташхису интоқ танҳо ташхис номида шуд ва монанди инҳо...
Ҳар истилоҳе ки ба тоҷикӣ дохил карда шудааст, дар қавс шакли аслии арабиаш навишта шуд, масалан: ташбеҳи шартӣ (ташбеҳулмашрӯт), санъати шумур (сиёҳулаъдод) ва ғайра.
Ин дигаргуниҳо дар истилоҳот ранги як таҷрибаро дорад. Кадоми ин дигаргуниҳо қабул хоҳанд шуд ва кадомашон не, — дар оянда маълум мешавад.
Дар таълифи ин асар қисман ба таҷрибаи шахсӣ ва қисман ба осори саромадони сухан муроҷиат намуда, дар интихоби беҳтарин мисолҳо ва барҷастатарин бадеаҳои санъати адабӣ кӯшидем: Бештар аз «Тарҷумон-ул-балога», «Ҳадоиқ-ус-сеҳр», «Ал-мӯъҷам», «Маҷмаъ-ус-саноеъ», «Ҳафт қулзум», «Ғиёс-ул-луғот» ва «Таърихи татаввури насри фаннӣ» — таълифи доктор Ҳусайни Хатибӣ (чопи Эрон), дар айни ҳол аз осори бадеии саромадони сухан — Низомӣ, Ҳоқонӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Саййидо ва монанди инҳо, «Намунаи адабиёти усмонӣ», инчунин аз тарҷумаи форсии «Шеър-ул-Аҷам» (ҷ. 1, 2, 3, 4 ва 5) — таълифи Шиблии Нӯъмонӣ (чопи Теҳрон, 1334 ҳ.), «Шеъру адаби форсӣ» — таълифи Зайнулобидини Мӯътаман (чопи Теҳрон, 1332 ҳ.), «Зеби сухан» (ҷ. 1) — таълифи Саидмаҳмуди Нишот (чопи Теҳрон) низ истифода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё