Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Мо ҳамаи ин санъатҳоро ба маҷмӯаи худ нагирифтем, балки он чӣ хушоянд, дилкаш ва зарур буда, ба алифбои имрӯзаи мо созгор меояд, гирифтем ва он чӣ дар асоси алифбои арабӣ дуруст карда шуда ё бештар аз ҳарфбозӣ ва калимабозиҳо хушку лолӣ иборат буд, фурӯгузор гардид.
Вале баъзе санъатҳо аз қабили санъати тааҷҷуб дар осори классикӣ набуда, танҳо дар «Ҳафт кулзум» (ҷ. 7) зикр шудааст. Ин санъат ба санъати ташбеҳи имҳо бисёр монанд дорад. Бинобар зарур будани ин санъат ба гирифтани он зарурат ёфтем.
Воситаҳои тасвир ва санъатҳои бадеӣ, аз қабили ташбеҳу истиора, таҷнис ва лаффу нашр ва амсоли онҳо дар сурате ки аз матни умумии асари бадеӣ ҷудо гирифта шаванд, роли онҳоро таъин кардан мумкин нест. Инҳо воситаи тасвиранд, яъне барои тасвири ягон ҳодиса ё манзара ва ё образ кор фармуда мешаванд, бинобар ин, вазифа ва қимати онҳоро фақат дар дохили он порчае, ки ин ҳодиса ё манзара ва ё образро тасвир мекунад, дуруст фаҳмидан мумкин аст. Агар онҳоро аз ин порча ҷудо карда гирем, лузум ва зарурати онҳоро фаҳмидан мушкил мешавад. Вале мо дар ин маҷмӯа имконият дорем, ки барои нишон додани моҳияти ҳар як мисол онҳоро бо контексти калоне биёрем. Азбаски завқҷӯён ва муаллимон аз назарияи адабиёт хабар доранд, худи онҳо муайян карда метавонанд, ки фалон ташбеҳ ё истиора дар тасвири фалон манзара ё ҳодиса чӣ вазифае дорад.
Ғайр аз ин, дар осори классикон чунин ташбеҳу истиораҳое ҳастанд, ки дар ниҳояти барҷастаанд, на дар байтҳои алоҳида воқеъ шудаанд ва онҳоро аз ғазал ё достон ҷудо карда гирем ҳам, қимати худро гум намекунанд, ба мо лаззат мебахшанд ва моро ба ҳайрат меоваранд.
Чунон ки маълум аст, дар адабиёти классикимонон, дар та-зал дар насибу ташбиби қасида аксаран байтҳои алоҳида мустақилмавҷ буда, мутаммими ҳамдигар нестанд. Байте, ки аз онҳо ҷудо карда гирифта шудааст, маънояш ба хубӣ фаҳми-да мешавад.
Мо гумон мекунем, ки аз ин нуқтаи назар ҳам дар ин маҷ-мӯа ҷамъ оварда шудани баъзе байтҳои барҷаста барои ча-вонон аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Аммо аз манзумаҳо, ки дорой воқиабандӣ мебошанду дар сурати гирифтани байтҳои алоҳида силсилаи маъно халал-пазир мегардад, порчаҳо ба қадри имкон дар сурати пурра-тарё натиҷоб гардид.
Дар интихоби мисол кӯшиш карда шуд, ки аксарияти онҳо аз адабиёти классикӣ бошад. Бо ҳамаи ин танҳо ба сароидато-ни пешиниву сухан кавоат накарда, аз шоирон ва нависандато-ни давраи шӯравӣ ҳамчун: Садриддин Айнӣ, А. Лоҳутӣ, С. Пӯйрат, Х. Карим, М. Турсунзода, Ч. Икромов, А. Деҳотӣ. С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё