Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
тоҷикро бо назарияҳои адабии Юнони қадим, аз ҷумла «Рито-рика»-и Арасту нишон додааст. Баъзе назарияҳои олимони форсу тоҷик бо назариёти мутафаккирони Ҳинди қадим алоқа доштааст.
Доктор Нодири Вазиирпур дар мақолаи ба номи «Шеър пойгоҳи андеша дар адабиёти форсӣ...» дар бораи сабабҳои бартарии мақоми назм бар наср аз файласуфони Юнони қа-дим Афлотун ва Арасту, бисёр мутафаккирони Аврупо муло-ҳизаҳо нақл менамояд ва дар охир аз муаллифон ва муҳақ-қиқони форсу тоҷик низ дар бораи шеър, мақсад ва мантиқи он нақли афкор карда мегӯяд: «Муаллифи «Чаҳор мақола» — Низомии Арузии Самарқандӣ (дар мақолаи аввал, саҳ. 19) шеърро саноат мешуморад, на ҳунару фан. Шамси Қайси Ро-зӣ дар китоби «Ал-мӯъҷам...» шеърро каломе андешидааст, ки мавзун ва мураттаб бошад. Шамси Қайс сахт пойбанди қофия мебошад. Аз ин миён танҳо Хоҷа Носируддини Тӯсист, ки дар китобҳои ба номи «Меъёр-ул-ашъор» ва «Асос-ул-иқтибос» шеърро ба таври амиқ ва ҳайратангез баён менамояд. Ӯ ме-гӯяд: «Шеър дар назди омма каломест муқаффо ва мавзун, вале дар назари аҳли мантиқ каломест маънавӣ». Ӯ ба ин тартиб қофияро, агар монеи кори шоирист, як сӯ менихад ва ӯ аз шеър таҷаллию андеша ва хаёлу оҳангро талаб мекунад» (маҷаллаи «Яғмо» № 11, баҳманмоҳи соли 1352, ҳ. ш.)
Хусрави Деҳлавӣ (1253—1324) бо номи «Эҷози хусравӣ» иборат аз ду ҷилд асаре оид ба қоидаҳои насрнависӣ таълиф кардааст ва ҳазорон санъати бадей дар он дарҷ намудааст.
«Бадоеъ-ус-саноъ» — таълифи Атоуллоҳ Муҳаммади Ҳусай-нӣ (вафоташ 1513), ин аз як дебоҷа (оид ба арӯз), се боб ва хотима (оид ба бадеъ) иборат мебошад. Ин асар дар соли 1975 аз тарафи Раҳим Мусулмонқулов ба чоп расидааст.
Дар асри XV мисли «Рисолаи қофия»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Арӯз»-и Сайфии Бухороӣ, «Мизон-ул-авзон»-и Алишери Навоӣ (ба туркӣ), арӯзи ашъори туркии Заҳириддини Бобур (1520), дар асри XVI монанди «Ҷомеъи мухтасар»-и Ваҳидии Табрезӣ ва дар асрҳои баъд низ чанд асар таълиф шудааст. Калонтарини онҳо «Маҷмаъ-ус-саноъ» ном асари Низомиддини Аҳмад ибни Муҳаммадсолеҳи Сиддиқии Ҳусайнӣ мебошад, ки дар соли 1650 навишта шудааст. Ин асар дар илми бадеъ буда, аз жанру шаклҳои жанрӣ, 40 адад бадоеи лафзӣ ва 40 адад бадоеи маънавӣ баҳс мекунад. Дар аксарияти мавридҳо муаллиф аз «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» ва «Ал-мӯъҷам» нусхабардорӣ кардааст. Бо вуҷуди ин асари Низомиддини Аҳмад аз аҳамият холӣ набуд. Қабулмуҳаммад дар қисмати ҳафтауми «Ҳафтқулзум» аз саноати бадеия баҳс намуда, асосан ба «Маҷмаъ-ус-саноъ» такя кардааст.
«Ҳадоиқ-ул-ҳадоиқ» таълифи Шарифуддин Ҳасан бинни Муҳаммади Ромии Табрезӣ (асри XVI) аст. Ӯ «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашидии Ватвотро шарҳу эзоҳ додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё