Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
дар назм на тартиби афсол ва маҳал он, пас ҳар чӣ некӯ бувад, ихтиёр кунад ва ҳар чӣ рақиқ (суст) бувад, бигзорад. Чӣ шоир дар назми хеш толиби хушомад (хушоянд) бошад ва ноқид ҷӯйидан беҳ-омад(а) бувад.
Чунон ки мебинем, Шамси Қайс як силсила назариёти аҷибе дар илми араб за шартҳои шеъру шоирӣ баён намудааст. Албатта, муаллиф фарзанди замони худ буд ва баъзе фикрҳои ӯ дар замони мо норавост. Вале қимати асосии ин назариёти Шамси Қайс дар ин аст, ки ӯ ба тарафдории муфикатии ҷаллию шаклу мазмун баромада, аз шеъри шоир бадеияти олӣ талаб кардааст. Ҳарчанд ки муаллиф дар як ҷо қофияро мустақил дониста, ҳатто онро аз мазмуни асар ҳам болотар гузоштааст, вале дар ҷои дигар ба шоирон ва олимони шаклпараст зарбаи сахте расонида, мазмуни шеърро мақсади аввалӣ ва шакли онро тобеъ мазмун шуморидааст. Ӯ гуфтааст: «Ҳар сухане, ки дар он маънии латиф набошад, табъи аҳли тамйз ба он майл намекунад, ҳамчунон бошад, ки зарфи холӣ ва дар вай матоъ набувад». Бешубҳа, ин фикри Шамси Қайс дар замони худ аҳамияти калон дошт ва дар замони мо ҳам қимати худро гум накардааст.
Он чӣ ки Шамси Қайс дар бораи вазифаҳои танқиди адабӣ ва муҳарқидон гуфтааст, ин хеле ҷолиби диққат аст. Вай мунакқидонро ноқиди шеър номидааст, ки бояд шеърро нақд кунад, мисли сарроф сараро аз сакат ҷудо намояд. Вай чунин фикре баён кардааст, ки «ноқид ҷӯйидан беҳомад бувад», ӯлье аз шеър он чиро, ки нағз омадааст, ба шоир ва хонанда намояд. Ин гуфтаҳои ӯ ба вазифаҳои танқиди адабии имрӯзаи мо, ки бояд муваффақиятҳои адабиёти шӯравиро нишон дода, барои мазмуни олӣ ғоявӣ ва шакли баланди бадеии он мубориза барад, низ мувофиқ меояд.
Ин аст, ки басӣр фикрҳои Шамси Қайси Розӣ ва дигар адабиётшиносони гузашта хеле ҷолиби диққатанд ва сазовори эҳтиёткорона омӯхта шудан мебошанд.
Пас аз «Ал-мӯҷғам»-и Шамси Қайс низ чанд асар дар назари шеър таълиф шудааст, ки баъзе бештар ва баъзе дигар камтар қимати илмӣ доранд. Як қисми онҳо бо таъсири «Ал-мӯҷғам» эҷод шудаанд.
Аз рисолаҳое, ки ёд аз «Ал-мӯҷғам» таълиф ёфтаанд, чандеро номбар мекунем:
Дар асри Шамси Қайс китобе дар арӯз бо номи «Меъёр-ул-ашъар» навишта шуда буд, ки таълифи онро ба Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (вафот дар соли 1229—1230) нисбат медиҳанд, ки олими бузурги форсу тоҷик, яке аз барҷастатарини ситорашиносии дунё ва асосгузори илми мусалласот (тригонометрия) буда, ба шоирӣ ва илми шеър низ завқ доштааст.
Дар дигар асари Насируддини Тӯсӣ «Асос-ул-иктибос» низ бисёр масъалаҳои умумии назарияи адабиёт муҳокима шудааст. Муаллиф алҳокан баъзе адабиётшиносони араб ва форсу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё