Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дилбар дорад итоб акнун бо ман,
Анбар борад зи зулф хирман-хирман

Ғайр аз ин баъзе калимаҳо ба таври дигар — чаппа, ё ба тарзи омехта хонда шавад, калимаи дигар ҳосил мешавад: масалан, «раг», «кас», «рақӣб» аз поён ва ё ба таври омехта хонда шавад, калимаҳои «гар», «сак», «қариб» ҳосил мешавад. Дар калимаи «кас», ки аз тарафи поён хонда шавад, «сак» (саг) мешавад:

Он ки кас дидӣ, кунуни мақлуби кас шуд,
Хону хон,
Шермардо, ҳеҷ савганде ба ҷони кас махӯр.
(Хоқонӣ).

Дар калимаи сагмагас, ки агар аз поён хонда шавад, боз сагмагас ҳосил мегардад:

Ҳар кӣ дар асл сифла1 афтодаст,
Ба таколиби2 даҳр кас нашавад.
Сагмагасро агар кунӣ мақлуб,
Қалби ӯ ғайри сагмагас нашавад.
(Ҷомӣ).

Ин гуна қалбро мақлуби муставӣ (баробар) меноманд.

Баъзе байт, ибора ва ё ҷумлаҳоро ҳам аз рост ва ҳам аз чап хондан мумкин аст. Ҳамчунин калимаҳое ҳам ҳастанд, ки монандӣ нон, домод, ҳама(ҳ), мум, дуд, дод, дид, боб, тут, шуш, ковок, шобош, лол, мом, шаш, қок ва ғайра низ агар аз поён хонда шавад, тағйире намебинанд. Ҳатто мисраъҳое ҳастанд, ки аз ду тараф хондан мумкин аст.

Чунончи дар ин байти Ҳамидуддини Муставфӣ.

Шаккар ба тарозуи визорат баркаш!
Шав ҳамраҳи булбул ба лаби ҳар маҳваш.

Гоҳо шоир байтеро бо калимае сар мекунад, ки дар охири байт онро ба таври чаппа қофия мегардонад; инро мақлуби муҷаннах (болдор) меноманд:

З-он ду ҷоду наргиси маҳмур бо кашнию3 ноз
Зору гирёну гиревонам ҳама рӯзи дароз.
(«Тарҷумон-ул-балоғат»).

Ин ҷо дар калимаҳои з-он — ноз, зор, — (да)роз санъати қалб ҳаст.

Намудҳои қалб бисёр буда, ҳамагӣ ба асоси хатти арабӣ сохта шудаанд ва ба хатти имрӯза мувофиқ намеоянд.

1 Сифла — одами паст, нокас.
2 Таколиб — ҷамъи таклиб буда, ба маънои қалб кардан аст.
3 Кашшӣ — нозу адо, ишва, карашма.

пешина
аз 303
навбатӣ