Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

Ин санъат намудҳои бисёре дошта, бештарини онҳо аз такаллуфи шеърӣ иборат аст.

Ғазали зерини Ҳофиз мувофиқи таърифи боло шоистатарин мисолест:

Дилбари ҷонони ман бурд дилу ҷони ман,
Бурд дилу ҷони ман дилбари ҷонони ман,
Аз лаби ҷонони ман зинда шавад ҷони ман,
Зинда шавад ҷони ман аз лаби ҷонони ман.
Равзаи ризвони1 ман хоки сари кӯи дӯст,
Хоки сари кӯи дӯст равзаи ризвони ман.
Ин дили ҳаброин ман волаву шайдони туст,
Волаву шайдони туст ин дили ҳаброин ман,
Юсуфи Канъони ман, Мисри малохат турост,
Мисри малохат турост, Юсуфи Канъони ман.
Сарви гулистони ман қомати дилҷӯи туст.
Қомати дилҷӯи туст сарви гулистони ман.
Ҳофизи хушхони ман нақди камоли ғиёс2
Нақди камоли ғиёс Ҳофизи хушхони ман.

Ин байт аз Фаррухӣ:

Савсан дорӣ шукуфта бар махи равшан,
Бар махи равшан шукуфта дорӣ савсан.

Шеъри С. Айний «Шаби танҳоӣ», ки вақти аз дасти амир аз Бухоро саргурез шудани нависанда ба ёди хешу табор ва ёру дӯстон гуфта шуда буд, низ дар санъати акс аст:

Шаби танҳоӣ дили ман хун шуд,
Дили ман хун шуд шаби танҳоӣ,
Дили шайдой ба куҷо гум шуд?
Ба куҷо гум шуд дили шайдои?
Ба кӣ мегӯям дили хунгашта?
Дили хунгашта ба кӣ мегӯям?
Зи кӣ меҷӯям дили гумгашта?
Дили гумгашта зи кӣ меҷӯям?

ҚАЛБ

Қалб дар луғат ба маънои вожгун, вожгуна, чаппа меояд, вале дар истилоҳи бадеъ иборат аз назмест, ки аз пешу қафо шудани калимот байте бо вазни дигар ҳосил мешавад. Масалан, байти зерин:

Бо ман акнун итоб дорад дилбар,
Хирман-хирман зи зулф борад анбар.

ба таври пешу қафо хонда шавад, байте ба вазни дигар ҳосил мегардад:

1 Равзаи ризвон — боғи ҷаннат, боғи нағзи дилкушо.
2 Ғиёс — фарёдрас.

пешина
аз 303
навбатӣ