Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Мисол аз Абдулвосеи Чабалӣ:

Ало, эй абри наврӯзӣ, шабонрӯзӣ намемонӣ,
На аз гиря биёсоӣ, на аз нола фурӯ монӣ.
Чу бар гардун кунӣ нола, кунад дарсоат ӯ жола,
Ба кирдори садаф лола дахон пур дурри уммонӣ,
Ба шакли мардуми ҷангӣ гирифта теғ дар чангӣ,
Ба сони чеҳраи зангӣ тан олуда ба қатронӣ.

Санъати дугоник

(Муздаваҷ)

Муздаваҷ дар луғат ба маънои ҷуфт, дугоник (дутой) буда, дар илми бадеъ санъатест, ки нависанда баъди риояи саҷъ ва қофия ду калимаи ҷуфт ва зиёда аз онро паси ҳам ё қариби ҳамдигар меорад. Ҳамчун зоге, боге ва ғайра дар ин мисолҳо:
Лоиқи қадри ман он аст, ки бо зоге ба девори боге ҳиромон ҳамерафтаме.

(Саъдӣ).

Дур аз рухи фаррухи он меҳргусал
Шуд нури суруд дур аз дидаву дил,
Рух зарду ба сина дарду дар ҷон оташ,
Ман зори чунин ёри зи олам ғофил.


Ҷое, ки буд он дилситон дар бӯстон бо дӯстон, Шуд гургу рӯбаҳро мақом, шуд зоғу каргасро ватан.

«Одина, ки ҷавонӣ ва қувват дошт ва аз талкону курут қути лоямуташ муҳайё буд, дар роҳ ба осебе дучор нашуда, аз ин дарёи фалокат ба канори саломат баромад».

(С. Айнӣ).

ТАКРОР

Шоир барои боз ҳам сареҳ ва равшантар гардонидани ифодаи баён калима ё таркибе ва ё ибораеро интихоб менамояд, ки фикри асосӣ бо он беҳтар зоҳир мешавад. Ин калима ё ибора ба тарзи таъкид дар як байт ва ё чанд байт гаштаву баргашта такрор меёбад. Вале агар ин такрор аз доираи даркорӣ берун равад, ба самимияти сухан ва салосати баён зарба медиҳад ва хонандаро дилгир мекунад. Аммо такрори бамавқеъ боиси пуркувваттар шудани таъсири тасвир мегардад.
Такрор намудҳои бисёр дорад. Ин ҷо барои намуна якчанд намуди онро зикр менамоем.

  1. Дар мисоли зерин калимаи «гоҳ» ба дараҷаи дилкаш ва матлуб такрор ёфтааст:
пешина
аз 303
навбатӣ