Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дил шишаву чашмони ту ҳар сӯй барандаш.
Мастанд, мабодо ки зи шӯхӣ шиканандаш.

Хабаре, ки донӣ, ки диле биёзорад, бигзор, то дигаре биёрад.
(Саъдӣ).

Саҷъ дар наср, масалан дар «Гулистон»-и Саъдӣ намудҳои гуногун дорад. Мо ин ҷо чанд хели онро нишон медиҳем:

  1. Охири ибора ва ё ҷумла бо феъл тамом мешавад: мушкин аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд.
  2. Бо исм пеш аз феъл меояд:
    Гуфт: Аз ҷоҳат метарсидам, акнун ки дар ҷоҳат дидам, фурсат ғанимат ёфтам.
  3. Дар ҷумлаи дуюм ҷумлаи мураккаби ғайритобеъ (пайваст) феъл барои эҷози сухан тарк меёбад: лаззати ангур бева донад, на худованди мева...
  4. Ба таври дукофия меояд: Аз нафспарвар ҳунарпарварӣ наёяд ва беҳунар сарвариро нашояд.
    Некбахт он ки хӯрду кишт ва бадбахт он ки мурду хишт.
  5. Бо сифат ташкил меёбад: Ду чиз мухолифи ақл аст: Хӯрдани беш аз ризқи мақсум ва мурдани пеш аз вақти маълум.
    Ду касро ҳасрат аз дил наравад ва поёни тағобун аз гил наёяд: тоҷири киштишикаста ва вориси бо қаландарон нишаста.
  6. Гоҳе дар ҷумлаи мураккаби ғайритобеъ барои эҷоз аз ҷумлаи дуюмӣ бандаки хабарии аст меафтад:
    Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда...
    Саҷъ танҳо дар охири байт хос нест, балки дар дохили шеърҳои мусаҷҷаъ низ мавҷуд аст.
    Масалан, шоир ҳар байтро ба чор пораи баробар тақсим мекунад ва баъд аз риояи се саҷъ дар як қофия пораи чорумро ба қофияие тамом мекунад, ки бинои шеър бар он аст.
    Мисол аз Саъдӣ:

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Ман мондаам маҳҷӯр аз ӯ, дилхаставу ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.
Боз ою дар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин то осмонам меравад.
Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан.
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Ин қофияҳои дохили байт саҷъи байт ном дорад.
Азбаски дар санъати мусаҷҷаъ ҳар байт ба чор порчаи баробар тақсим мешавад, ин санъатро ба тоҷикӣ чорбаҳра ё ки чори дар чор низ меноманд.

  1. Тағобун — ҳасрату дареғ, афсӯс ва пушаймонӣ.
пешина
аз 303
навбатӣ