Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Соғари уммед ба хоро занам.
«Бода надорам, ки ба соғар кунам».
Нотиқа иқрор кунад бар қусур,
Пайравии Бедил агар сар кунам.

Ду мисоли охири аслан назира аст, яъне ғазалест, ки дар пайравии ғазали Бедил гуфта шудааст. Лекин назиранависон ба тариқи тазмин як мисраи Бедилро низ ба ғазали худ дохил кардаанд.

Баъзе байту мисраъҳои машҳур чандин бор тазмин шудаанд. Чунончи: дар тазмини мисраи «Эй боди сабо, ин ҳама овардаи туст» Сироҷиддини Қумрӣ гуфтааст:

Эй оби равон, сарв баровардаи туст
В-эй сарви чамон чаман саропардаи туст,
Эй ғунча, арӯси боғ дар пардаи туст,
«Эй боди сабо, ин ҳама овардаи туст».

Тазмини Салмони Соваҷӣ айни мисраъро:

Эй абри баҳор, хор парвардаи туст
В-эй хор, даруни ғунча хункардаи туст.
Гул — сархушу лола — масту наргис — маҳмур,
«Эй боди сабо, ин ҳама овардаи туст».

Аз тазминҳои зебо боз як мисоли дигар оварданро лозим медонем.
Саъдӣ гуфтааст:

«Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои сонат».
Мадҳуш мегузорӣ ёрони меҳрубонат,

Камол мисраи якумиро чунин тазмин кардааст:

Эй рӯи дардмандон бар хоки остонат,
Аз обу хок з-он сӯ гавғои ошиқонат...
Дӣ мешудӣ хиромон чун сарву ақл мегуфт.
«Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои сонат».

Шоирони ҳозиразамон низ аксаран барои қувват додани фикри худ ва барҷастатар ифода намудани ғояи асари худ байт ё мисраи ягон шоири гузаштаро тазмин мекунанд. Яъне шоир фикри худро бо сухани ягон шоири машҳур тасдиқ карданӣ мешавад, барои ифода кардани аслӣ муддаро ягон байт ё мисраи маълумро, ки ин гуна муддаро беҳтар ифода намудааст, ба кор мебарад. Дар шеъри А. Деҳотӣ «Бар зидди таҳқиркунандагони номи Фидавсӣ» як мисраи Ҳофиз ва як байти Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин тариқ тазмин шудааст (шеър ба ин муносибат навишта шудааст, ки дар шаҳри Ризоияи Эрон кӯчае, ки пеш ба номи Фидавсӣ буд, дар соли 1948 ба номи нобудку-

1 Нотиқа — қувваи нутқ, гӯёӣ.
2 Чамон — хиромон.

пешина
аз 303
навбатӣ