Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Моҳи бисьёр ба хизмат дошт. Дояе дошт бағоят соҳибҳушу соҳибтадбир. Малика аз ӯ шир хӯрда буд. Ҳамон замон дояро дар назди худ талабида гуфт, ки:

— Эй модар, ба хотири ман мерасад, ки дар ин олами фонӣ ихтиёри шавҳар нанамоям ва аз ин дунёи нопойдор таҷарруд¹ бигзарам. Аммо аз дасти аҳли дунӯ чӣ тадбир кунам, ки раҳоӣ ёбам? Маслиҳати ин кор чӣ мешавад?

Доя гуфт:

— Эй ҷони модар, ба хотири ман ҳилае расидааст.

Малика гуфт:

— Бигӯ, он ҳила ба чӣ қисм аст ва оё сабаби хотирҷамъии ман мегардида бошад?

Доя гуфт:

— Эй маликаи олам, ба хотири ман ҳафт саволи мушкиле расидааст. Ҳар касе ба хостгории шумо ояд, бигӯед, ки ҳафт савол дорам. Ҳар ки ҷавоби ин ҳафт саволи маро бидиҳад, аз они ӯ бошам ва илло, ихтиёри молу ҷони ӯ бар ман бошад.

Ва ҳеҷ кас аз ӯҳдаи ҷавоби ин ҳафт саволи шумо баромада наметавонад ва аз талаби мардумон халос мешавед. Ҳафт савол ин аст:

Саволи аввал:

Як бор ҷамоли ёр дидан ҳавас аст,
Дар орзуи дубора бисёр кас аст.

Саволи дуйӯм:

Ту некӣ мекуну дар даҷла² андоз,
Ки эзид дар биёбонад диҳад боз.

Саволи саввӯм:

Ҳар ки бадӣ кард, ба бад ёр шуд,
Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд.

Саволи чаҳорӯм:

Ростӣ овар, ки шавӣ растагор³,
Ростӣ аз ту, зафар аз кирдигор.

1 Таҷарруд — танҳоӣ, муҷаррадӣ.
2 Даҷла — дарё.
3 Растагор — наҷотёфта, халосшуда.

пешина
аз 269
навбатӣ