Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ҳазор пиёдарав ва ҳазор баркандоз дар рикоби ӯ медавиданд.
Порае лашкари худро бо амирон аз барои фатҳу тасхир дар мамлакатҳо фиристода буд ва дар инсофу адолат ҳамто надошт.
Дар аҳди ӯ бозаргоне буд Барзах ном ва моли бисёру гумоштаҳои билониҳоя дошт, ки ба ҳар ҷониб мерафтанд барои тиҷорат ва худи он дар хона нишаста, бо мардумон муомила мекард ва рӯшиноси подшоҳ буд ва дар назди подшоҳ қадру манзалати азим дошт. Курдоншоҳ ӯро бисёр дӯст медошт. Баъд аз чанд гоҳе Хоҷа Барзахи бозаргон фавтида, ғайр аз як духтар ҳеҷ ворисе намонд ва номи неки ӯ малика Ҳуснбону буд. Вай бағоят соҳибҷамол буд, аз шаъшааи ҷамоли ӯ офтобу маҳтоб хира мегаштанд ва сифати ҳусни ӯ дар диёрҳо мунташиру машҳур шуда буд.
Духтар дар синни дувоздаҳсолагӣ буд, ки падараш ба подшоҳ васият карда гуфта буд:
Эй шоҳ, акнун маро сафари охират дар пеш аст. Ин духтарро ба шумо супоридам ва шуморо ба мураббии ҷомеи оламиён. Бояд, ки духтарро падарии карда, муруввату шафқати худро дареғ надоред ва дар бораи ин духтар марҳамат карда, ба ҷои фарзанди худ донед.
Курдоншоҳ:
Эй Хоҷа, хотири худро аз ваҷҳи малика Ҳуснбону ба куллӣ ҷамъ доред, ки меҳрубониро дар бораи ин духтар дусадчандони шумо созам. Акнун ин духтар духтари мо шуд, — гуфта Хоҷаро тасаллӣ дода буд.
Хоҷа Барзах аз ваҷҳи духтари худ хотирҷамъ шуда ҷон ба ҷонофарин таслим намуда буд. Ва ҷомеи молҳои худро бо малика Ҳуснбону ба подшоҳ супурда буд.
Курдоншоҳ аз рӯи инсофу адолат ҳама молҳои бозаргонро ба духтари он супурда буд. Духтар бағоят соҳиббасорат буд. Баъд аз чанд муддат пок мулоҳиза кард, ки дунё ҷои саҳл аст ва фонию нопойдор. Ба худ андеша кард: «Ин молу ашёе ки дар тасарруфи ман аст, барои ризои худо ба фақирому бечорагон бояд дод. Худро ба дунё олоиш додан чандон хуб нест».
Малика модары хоҳар надошт, аммо канизону ғуло-
1 Баркандоз - тирандоз.
2 Билониҳоя - бениҳоят.
3 Соҳиббасорат - зираку дурандеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё