Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Охируламр, умраш тамом шуда шарбати аҷалро бичашид. Писараш Қаҳтон ба ҷои падар нишаста мулки Яманро обод гардонид, ӯро ҳам оллоҳ таоло писаре каромат кард. Ӯро ном Нахшаб гузошт. Вақте ки Нахшаб ба қадди балоғат расид, рӯгардон аз падар шуд ва дар тамоми мулки падараш халал расонид ва падараш ӯро ғазаб кард. Ӯ рӯ ба ҷониби араб карда рафт ва баъд аз муддате падараш шарбати маргро бичашид ва Нахшаб омада ба ҷои ӯ подшоҳ шуд. Аз ӯ низ писаре ба олами вуҷуд омад, ӯро Син ном ниҳоданд.
Вақте ки Син худро донист, феълҳо аз вай ба вуқӯъ омад, падар аз вай безор буд. Ӯ мехост, ки падарро дастгир кунад, муяссар намешуд, падар мехост, ки ӯро бикушад, модараш намегузошт ва пинҳон мекард ва аз ин замон чанд вақт гузашта буд, ки Нахшаб ҷон ба ҷонофарин таслим кард ва Син ба ҷои падар нишаста ҳокими Яман шуд. Ва мулки Яманро ба зулму тааддӣ хароб кард ва аз ӯ писаре шуд, ӯро Қаҳлон ном ниҳоданд. Вақте, ки Қаҳлон худро донист, раво надошт, ки падараш зулму тааддӣ карда мулкро хароб гардонад.
Охируламр падарро ба макру ҳила ба даст дароварда, дар қайд нигоҳ дошт. Худ ба ҷои падар нишаста подшоҳӣ мекард ва падараш дар қайд бимурд.
Қаҳлонро худои таоло писаре дод, номи ӯро Тай гузоштанд ва баъд аз марги падар Тай бар тахти подшоҳӣ нишаст. Чунон адлу инсоф варзид, раиятпарварӣ кард, ки ба шарҳ рост наояд. Ва мулки Яманро чунон ободонӣ воқеъ шуд, ки аз падаркалонаш гузаронид.
Тай сипоҳу лашкар ҷамъ карда, мамлакати арабро дар таҳти тасарруфи худ даровард, валекин ин таҷаммулу¹шукӯҳ аз хосияти адлу инсофи ӯ буд. Ва аз атрофу ҷониби бузургуҳу хубону таҷрибакоронро дар хидмати худ ҷамъ намуда сӯҳбат медошт ва дар ин сӯҳбат сифати ҳусни духтари Адан дар миён оварда мегуфтанд.
Тайро рағбату ҳавои ҳусни ӯ гирифт. Ӯро ба даст оварда дар ақди² худ даровард ва аз ӯ писаре шуд, рӯй ба монандӣ офтоби ховар. Номи ӯро Ҳотам гузоштанд.
Ҷомеи ҳакимону мунаҷҷимонро талабида фармуд, ки толеи Ҳотамро бибинанд. Мунаҷҷимон қуръа андохтанд. Аз рӯи ҳикмату қуръа нуктарезӣ карда дарёфтанд ва ба арзи шоҳ расониданд, ки толеи Ҳотам бисёр
1 Таҷаммул — дабдаба.
2 Ақд — Никоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё