Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Бисёр хуб аст, аммо дар ин боб хазина даркор аст. Агар фикри хазинаву зар мешавад, ин кору хаёл ба ҷое мерасад ва илло, не.
Охируламр, барои ҷамъ кардани хазина муқайид шуданд¹. Баъд аз ҳафт сол навкару сипоҳи бисёр ҷамъ намуда буданд, ки хабар ба подшоҳи Яман расониданд, ки писари фалон деҳқон, ки баъд аз фавти падараш риёсати қалъа ба ӯ муқаррар шуда буд, хаёли фосиде бар сар афтода ва лашкари бисёре ҷамъ карда мехоҳад, ки сар аз итоати султон бартобад ва дар дил хаёли салтанати мулк дорад.
Подшоҳи Яман ин хабарро, ки шунид, дар ғазаб шуда амр кард, ки бо лашкари бекарон чанд амиру сардор рафта сари худро аз тан ҷудо созанд, ки дигаронро ибрат шавад.
Ба мӯҷиби² фармудаи шоҳ лашкар бо сардорон бар сари ӯ расида ҷанги мағлубае карданд.
Алкисса, лашкари шоҳи Яман шикаст ёфта аксари эшон ба қатл расиданд. Подшоҳи Яман аз ин кардаву кирдори Ҳуд огаҳ шуда, дар ғазаб даромад ва худ бо лашкари бисёру тирандозони бешумор бар сари Ҳуд расид. Ҳуд бо ёрону дӯстон баромада ба подшоҳи Яман муқобил шуд ва ҷанги бузурге дар миён воқеъ гардид.
Чун нияти Ҳуд бар адлу адолат ва раиятпараварӣ буд, Худои таоло ёри ӯ шуд ва лашкари подшоҳи Яманро шикаст дода, худи подшоҳро дастгир кард ва тахту тоҷ аз ӯ ситуда³ бар маснади⁴ хилофат омада нишаст.
Подшоҳи Яман аз касрати ғуссаву фироқ баъд аз чанд муддат ҷон ба ҷонофарин таслим кард.
Ҳуд чунон бар адлу адолат кӯшида, раияту фуқарои мулки Яманро аз худ розӣ гардонид, ки ҷамъи дӯсту душману пиру барно бар адлу инсофи ӯ таҳсину офарин мекарданд. Чунин адолат варзид, ки дасти зулмро аз ҳар мазлуме кӯтоҳ гардонид ва мамлакат ба қисме обод шуд, ки гург бо гӯсфанд, шер бо рӯбоҳ дар як ҷо об хӯрдандӣ. Мардуми Яман ба хубию айшу ишрат умр ба сар бурдандӣ. Баъд аз чанд муддат Аллоҳ таоло ӯро фарзанде каромат кард, ӯро Қаҳтон ном гузошт ва чанд муддат Ҳуд дар Яман подшоҳ буд.
¹Муқайяд шудан — машғул шудан, азм кардан.
²Ба мӯҷиби — мувофиқи.
³Ситудан — гирифтан.
⁴Маснад — тахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё