100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
«Омадам. Дидам. Ғалаба кардам». Дар ин хабари мушаххас, ки Гай Юлий Сезар ба Рим баъди нусратёбии навбатиаш ирсол намуд, хислати ӯ ҳамчун сарлашкари ғаюру далеру собитқадам ва сиёсатмадори ба худ мутмаин акс ёфтааст.
Сезар бо нутқи кӯтоҳи бо эҳсосоти самимона баёнгашта сарбозонро ба ғалаба рӯҳбаланд гардонда метавонист, шахсан сардорони дастаҳои саднафарӣ ва ҷангиёни беҳтаринро мешинохт ва дар байни онҳо эътибор ва шӯҳрати шигифтангезеро соҳиб буд.
Ӯ яке аз сиёсатмадорони ангуштшумори беназир дар таърихи дунёст, ки дар қалби худ ба реша давондани бераҳмӣ, қасосгирӣ ва нафрат роҳ надод ва бо ҳар воситаи имконпазир баҳри манфиати давлат самтҳои мухталифи ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидшавиро меҷуст.
Таърихнигорон, нависандаҳо ва шоирон аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ҳаёт ва фаъолияти сарлашкарӣ ва сиёсатмадории Юлий Сезар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир месозанд. Вай қаҳрамони асарҳои «Дар бораи ҳаёти дувоздаҳ нафар Сезар»-и Светония, «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, «Пирӯзиҳо»-и Ф. Петрарка, «Юлий Сезар»-и У. Шекспир, «Сезар ва Клеопатра»-и Б. Шоу, «Кори Ҷаноби Юлий Сезар»-и Б. Брехт ва дигарон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё