Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳарбӣ ҳамчун «коршикан»-у «зиёнкор» паронда шуданд.

Ленин барои ин сифатҳояш Сталинро гӯшмол медод, вале бисёр вақт ба ноҳияҳои хавфноктарин, агар чизеро тафтиш кар- дан ё ислоҳ намудан зарур ояд, ҳатман ӯро мефиристод.

Сталин дар иҷрои вазифа беҳад масъулиятшинос, шахси исроркор буд ва ҳангоми адои супориш чизе ё касе монеаш гаш- та наметавонист. Ин сифатҳо ба ӯ дар оянда зиёд ба кор ома- данд.

Соли 1919 Сталин бо Надежда Сергеевна Аллилуева, дух- тари инқилобчии куҳансол Сергей Аллилуев, ки Коба бо ӯ соли 1904 шинос шуда буд, оила барпо намуд. Надежда Аллилуева, узви ҳизб аз соли 1918, ки чанд муддат дар Саритсин кор кар- дааст, аз шавҳараш 23 сол хурд буд. Дар оилаи онҳо Светлана ва Василий ба дунё омаданд. Соли 1932 модари онҳо худкушӣ кард, ки ин зарбаи мудҳише буд барои Иосиф Виссарионович.

Дар ин муддат Сталин аз бемории Ленин истифода бурда Котиби генералии ВКП(б) мешавад. Дар вазъияти муборизаи сиёсии дохилиҳизбӣ касе дар симои Сталин ҳарифи ҷиддиро намедид. Вай ором, боинтизом буду вазифаҳояшро содиқона сомон мебахшид. Вале Ленин дар «Васиятнома»-аш Сталинро шахси дағал, мутакаббир, худбин номида, ба роҳбарии давла- ту ҳизб лоиқ надонист. Сталин аз ин навиштаҳои доҳӣ бохабар буд ва коре кард, ки матни васияти Ленин дар съезд қироат нашавад. Аҷоиб, ки ҳамсафони наздиктарини Ленин низ бо Сталин ҳамфикр гардиданду хоҳиши доҳиро ба як тараф гу- зоштанд.

Дар байни болшевикони куҳансол, ки инқилобро омода ва амалӣ сохта буданд, муноқиша мерафт. Ва дар айни замон ба ҳизб ашхоси зиёде пайваста буданд, ки алҳол таҷрибаи кофии сиёсӣ надоштанд. Сталин ба ҳамин гуна афрод бештар такя менамуд. Ва ҳангоми ба сари қудрат омадан аз чунинҳо даст- гоҳи одамони мутеъро тартиб дод.

пешина
аз 424
навбатӣ