Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мустамликадорон буд. Дар оғози моҳи август дар Бомбай Кумитаи умумиҳидии Конгресс оид ба оғози маъракаи беҳамкорӣ бо ҳукумат қарор ба тасвиб расонд. 9 август Гандӣ ва дигар роҳбарон бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ намудан ба ҳабс афтоданд. Фаъолияти Конгресс расман манъ шуд. Намоишҳои оммавии зиддианглисҳо мамлакатро фаро гирифтанд. 6 майи соли 1944 Гандӣ аз маҳбас ба озодӣ баромад ва ба муборизаи зидди мустамликадорон идома бахшид. Вале мубориза мураккаб гардид. Зеро дар байни ҳиндуҳои мусалмону пайравони дигар динҳо ихтилоф ба миён омад. Гандӣ бар зидди ҷудоихоҳӣ хеле мубориза бурд, аммо бенатиҷа. Англисҳо кишвари ягонаро ба ду қисмат намуданд: Ҳиндустон ва Покистон.

Моҳи августи соли 1947 порлумони англисҳо оид ба истиқлолияти Ҳиндустон қонун ба тасвиб расонд, ки аз 15 августи ҳамон сол мавриди амал қарор гирифт. Муборизаи қаҳрамононаи халқи Ҳинд баҳри истиқлолият бо комёбӣ анҷом пазируфт.

Муҳоҷирати иҷбории аҳолии мусалмону ғайримусалмон дар байни ҳар ду доминион муносибатҳоро тезутунд намуд. Гандӣ бар зидди ин аъмол гуруснанишинӣ эълон кард. Узви созмони динии «Ҳинду маҳа сабҳа» 30 январи соли 1948 ҳангоми адои намоз ба Гандӣ сӯиқасд намуд ва ӯ ба ҳалокат расид. Куштори Гандӣ-пешвои миллӣ, «падари миллати Ҳинд» қаҳру ғазаби оммаро ба вуҷуд овард. Дар ёди халқ Гандӣ ҳамчун Маҳатма-мураббӣ абадӣ нақш бастааст. Маънои дигари ин вожа «дили бузург» аст.

пешина
аз 424
навбатӣ