Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

басо муҳими шоҳ дар таърих. Соли 1708 мамлакат ба губернияҳо тақсим шуд.

Соли 1709 дар наздикии Полтава муҳорибаи қатъӣ бо шведҳо ба амал омад. Пётр асп медавонду сарбозонро рӯҳбаланд менамуд. Дар ҳамин ҳолат суханони болдори ӯ зода шуданд: «Шумо барои Пётр не, барои давлат, ки идора карданаш ба Пётр вогузор гаштааст, меҷангед. Дар хусуси Пётр дониста гиред, ки барои ӯ ҷон азиз нест, ҳаминаш басанда аст, ки Русия зинда, шараф, номус ва дороии вай поёнда бошад!»

Ғалаба имкон дод, ки Русия дар баҳри Балтик мавқеашро устувор созад. Акнун кишварҳои Аврупо ба Русия бо чашми кам назар наафканда, онро баробари худ медиданд.

Соли 1721 созишномаи сулҳ баста шуд ва он ба «ҷанги шимолӣ» нуқта гузошт. Барои ин ғалаба Пётри I унвони «Падари Ватан, Императори умумирусия, Пётри Кабир»-ро гирифт ва ба ҳаёти осоишта баргашт. Ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди кишоварзӣ, маориф аҳамият медод. Соли 1711 дар оғози ҷанг, сенат созмон дода буд, ки ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба шумор мерафт. Дар охири давраи ҳукмронии Пётри Кабир қариб 200 мануфактур: маъдангудозӣ, коркарди оҳан, газвору моҳут, абрешим, шиша ва ғайраҳо амал мекард. Ба соҳибони онҳо имтиёзҳои зиёде дода буд. Соли 1724 Академияи илмҳо таъсис ёфт.

Ҳаёти шахсии Пётр низ дигар шуд. Соли 1712 бо латишзан Марта Скавронская, ки баъдтар император Екатеринаи I унвон гирифт, оила сохт. Аз насли зиёд танҳо ду духтар-Анна ва Елизавета (императори оянда Елизавета Петровна) зинда монд. Пётр завҷаашро хеле дӯст медошт. Соли 1724 ҳатто маросими тоҷгузорӣ созмон дода, тахти шоҳиро ба завҷааш васият карда буд. Аммо пеш аз вафоташ ӯ хиёнати занашро бо В.Монс пай бурд. Дуюмӣ қатл шуд. Моҳи декабр Лефорт дар хусуси ҷуфти шоҳӣ навишта буд: «Онҳо қариб бо ҳам ҳарф намезананд, якҷоя ғизо намехӯранд, намехуспанд».

пешина
аз 424
навбатӣ