Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз сафорат бо чанд нафар наздикон Пётр ба тамошои шаҳри Саардами Ҳолланд баромад. Ҳамчун дуредгар ба коргоҳи киштисозӣ шомил гашт. Вай дар ин ҷо рӯзҳои истироҳат заводу фабрикаҳо, сехҳои чӯббуриро аз назар мегузаронд. Баъд ба Амстердам омад, чор моҳ ҳамчун коргари оддӣ киштӣ сохт.

Моҳи январи соли 1698 ба Англия шино кард. Дар Дептфорд сеюним моҳ машғули киштисозӣ шуд. Дониши андӯхтаашро сайқал бахшид. Дар ин ҷо низ ба заводҳо мерафт. Порлумон ва Донишгоҳи Эксфордро дид. Илми математика омӯхт. Дар устохонаҳо бо устоҳо ҳамсуҳбат гашт, онҳоро ба кор ба Русия хонд.

Овозаи шӯриши тирандозони Маскав сафари Пётрро кӯтоҳ намуд. Вақте ки ӯ ба пойтахти кишвар омад, шӯриш пахш шуда буд. Мӯйи сари Софяро тарошиданд. Аз фурсат истифода бурда, Пётр мӯйи сари завҷаашро низ тарошонд ва муқими дайр гардонд.

Пётр роҳи бозсозиро пеш гирифт. Ӯ мефаҳмид, ки танҳо илму дониш, фарҳанг Русияро пеш мебарад. Мактабҳои зиёде кушод. Дар Ҳолландия матбааи русӣ фаъол шуд, ки барои Русия китобҳои дарсӣ, харитаҳои ҷуғрофӣ, нақшаҳо нашр мекард. Дар Маскав мактабҳои омӯзиши математика ва баҳрнавардӣ ба кор пардохтанд. Соли 1702 нахустин рӯзномаи русии «Ведомости» аз чоп баромад.

Аммо то ин вақт бо Англияю Ҳолландия бар зидди Туркия созишнома ба имзо нарасид. Аз ин рӯ соли 1700 Русия бо Туркия сулҳ баст ва бо Шветсия ба ҷанг андаромад. Соли 1703 дар резишгоҳи дарёи Нева ба бунёди шаҳри нав пардохт ва ба он Санкт-Петербург ном гузошт. Нахуст қалъаи Петропавловскро бо шаш истеҳкомаш сохт. Ҳамсафи содиқтаринаш А. Меншиковро губернатори Санкт-Петербург таъин намуд. Ҳамон сол аввалин киштии тиҷоратии ҳолландӣ дар ин ҷо лангар партофт. Бо бунёди Санкт-Петербург Пётрӣ I «ба Аврупо тиреза кушод». Ҳамин гуна баҳо гирифт ин амали

пешина
аз 424
навбатӣ