100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Арӯс ба хушдоман тамоман маъқул набуд. Аз ин рӯ зиндагии хушбахтонаи навхонадорон ҳамагӣ як сол тӯл кашид. Пётр дар ҷойи хизмати ҳарбӣ мезист. Баъд ба киштисозию баҳрнавардӣ шавқ пайдо кард. Аз анбори Измайлово киштичаи яксутуна ёфт. Онро бо ёрии устои ҳолландӣ Брант таъмир намуд, дар дарёи Яуза ва кӯли Переяславск киштиронӣ омӯхт. Дар кӯл корхонаи киштисозӣ сохт. Ду дафъа ба баҳри Сафед баромад ва пас аз чанд сол дар Архангелск корхонаи дигари киштисозӣ бунёд гардид.
Пётр дар идораи корҳои давлатӣ даст надошт. Дар аҳди ноибуссалтанаи Софя Пётр танҳо дар тантанаҳои идона ширкат меварзид. Баъди ба балоғат расидани бародар ташвишу хавотири Софя афзуд. Ӯ мехост лаҷоми ҳукмрониро ҳамешагӣ дар панҷааш нигоҳ дорад.
Шаби 8 августи соли 1689 Пётр дар Преображенск бо хабари даҳшатнок аз хоб бедор карда шуд: хоҳар бар зидди бародар тирандозонро фиристодааст. Ӯ бо либоси хоб савори асп ба ҷангал гурехт. Таърихнигорон мегӯянд, ки ин аввалин ва охирин тарси Пётр аз ҷонаш буд.
Баъди ба худ омадан Пётр шӯришро бераҳмона пахш кард. Дайр манзили малика Софя шуд. Иван ба номаш шоҳ буд, Пётр ҳукуматро пурра ба даст гирифт.
Соли 1695 Русия барои роҳ ёфтан ба баҳри Сиёҳ бо Туркия ба ҷанг даромад. Вале бе киштиҳои ҷангӣ русҳо ба комёбӣ даст наёфтанд. Аз ин рӯ Пётр сохтани киштиҳоро дар наздикии Воронеж фармуд. Дар андак замон дастаи киштиҳои ҷангӣ бунёд ёфт. Киштии «Апостол Пётр» 36 тӯбхона дошт. Моҳи июни соли 1696 ин даста дар баҳри Азов ба ҷанг пайваст. Роҳи баҳрӣ барои Русия дар ҷануб кушода шуд.
Соли 1696, баъди вафоти бародараш Иван, Пётр шоҳи ягонаи Русия мешавад ва ҳамон сол ба Аврупои Ғарбӣ меравад. Пётр бо лақабҳои «бомбардир»-у «капитан» дар баҳри Азов меҷангид. Ба Аврупо ба сифати «волонтёр Пётр Михайлов» ҳамроҳи сафирон омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё