100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
фарзияҳои бешумор гашт ва ҳоло ҳам оид ба шахсияти Шекспир баҳсҳо идома доранд.
Мутаассифона, ягон сатри ҳуҷҷатӣ аз Шекспир дар бораи худаш маҳфуз намондааст. Аз ин рӯ майдон барои ҷавлони тахайюлот беинтиҳост. Зери номи Шекспир кӣ пинҳон буд? Дар посухи ин пурсиш бисёр ривоятҳо, нақлу фарзияҳо ба миён омаданд. Барои бо ҳамаи онҳо ошно гаштан саҳифаҳои як китоби калонҳаҷм ҳам камӣ мекунанд. Бархе тахмин мезад, ки бо номи Шекспир асарҳои граф Ретленд, граф Дерби, граф Оксфорд, лорд Саутгемптон ба табъ расидаанд...
Кас сари калобаашро гум мекунад. Аз ин рӯ навиштаҷоти расмиро ба инобат мегирем.
Рӯзи таваллуди Шекспир дақиқ нест. Дар китоби қайдҳои калисои Сегонаи муқаддас (Троица)-и Стратфорд сабт гашта, ки Вилям, писари Ҷон Шекспир, 26 апрели соли 1564 ғусли таъмид шудааст. Дар он замон одатан пас аз се рӯзи мавлуд кӯдаконро ғусли таъмид мекарданд. Аз ин рӯ зодрӯзи Шекспир 23 апрели соли 1564 муайян гардид.
Падари Вилям косиб ва тоҷир буд. Ӯ тахминан соли 1552 дар Стратфорди Эйвон муқимӣ шуд. Дар соли 1557 бо Мэри Арден, духтари заминдори хурд, ақди никоҳ баст. Аз онҳо даҳ фарзанд ба дунё омад. Ду нафар духтари калонӣ бармаҳал раҳти сафар бастанд. Ҳамин тавр Вилям фарзанди якум шуда монд. Аз рӯи тахминҳо, шояд Вилям маълумоти ибтидоиро дар мактаб гирифта бошад.
Дар ҳаждаҳсолагӣ ӯ бо Энн Хетеуэй, духтари деҳқони бадавлати деҳаи Шоттер, оила барпо кард. Арӯс аз домод ҳашт сол калон буд. Онҳо 28 ноябри соли 1582 ақди никоҳ бастанд ва аллакай баъди ним сол, 26 майи соли 1583 дар калисои Стратфорд духтарчаи онҳо Сюзен ғусли таъмид шуд. Моҳи феврали соли 1585 зани Шекспир дугоник ба дунё овард. Духтарчаро Ҳудит, писарчаро Ҳамнет ном гузоштанд. Писарча соли 1596 аз олам даргузашт. Духтарҳо ҳангоми вафоти падар дар ҳаёт буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё