100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
мо ба мутолиаи онҳо мерасанд ва эҷодгарашро васф менамоем, ту зинда мемонӣ».
«Ҳамин тавр ҳам шуд, - менависад тадқиқгари эҷодиёти Шекспир, адабиётшиноси шинохта А. А. Аникст. – Мана, аллакай зиёда аз се аср инҷониб Шекспир ҳамсафари доимии ҳаёти маънавии инсонҳост...
Шекспир соҳиби ақле буд, ки ба шарофати он ба бисёр комёбиҳои тасаввурнопазир ноил гашт, насли баъдина то ҳанӯз аз фаросати беназири ӯ дар ҳайрат аст. Файласуфҳо аз эҷодиёти вай нуқтаи назари нозуки диалектикаи ба ҳам зидди зиндагониро меёбанд. Таърихдонҳо дониши ҳайратангези қонундонии Шекспирро пай мебаранд. Табиатшиносон аз қобилияти табиатро дарк карда тавонистани адиб ба шигифт омадаанд. Барои равоншиносон бошад, Шекспир дар донистани ҳаёти ботинии инсон ҳамто надорад...
Баъд аз Шекспир бисёр драмаҳои хуб навишта шудаанд, вале бигӯем, ки дар эҷоди ягон нафар нависанда драматизм ба он дараҷае қувват нагирифтааст, ки мо дар асарҳои Шекспир эҳсос менамоем, хато намешавад».
Ҳанӯз ҳангоми дар ҳаёт будани ӯ дар атрофи номи драматурги бузург, шоир, актёр ва ходими театрӣ ривоятҳои мухталиф чарх мезаданд. Онҳо ба шуҳраташ шуҳрат зам мекарданд. Баъди вафоташ ривоятҳо чунон афзуданд, ки шунаванда ба ҳайрат меафтод ва бовараш намеомад, ки Шекспир барин шахси таърихӣ дар ҳақиқат ҳам вуҷуд дошт.
«Ҳамаи чизе, ки мо дар бораи Шекспир медонем, ҳамин аст, ки вай дар Стратфорди Эйвон таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷой оиладор шудаасту фарзандҳоро ба дунё оварда, ба Лондон рафтааст, дар он ҷо актёр буд, пйесаҳо ва достонҳо офарид, сипас ба Стратфорд баргашт, васиятнома навишту мурд», - сабт намудааст муаллифи англиси асри XVIII. Дар ҳақиқат он чизе, ки оид ба зиндагиномаи шоир ва драматурги кабир медонем, ҳамин аст. Иттилооти ноқис боиси тавлиди ривоятҳои зиёд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё