100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
менамуд. Шогирдонаш нусхаи «Давлат»-ро дар таҳрири Афлотун ҳангоми наъзи ҷон аз дасташ гирифтанд, ҷадвалҳои сиёҳнависи «Қонунҳо»-ро низ.
Афлотун файласуфи ягонаест, ки асарҳояш қариб пурра то ба замони мо расидаанд. Дастнависи номгӯи асарҳои ӯ, ки маҳфуз мондааст, 34 муколама, «Мадҳи Суқрот» ва 13 номаро дар бар мегирад.
Ба мисли Пифагор Афлотун низ гуфтааст, ки рӯҳ як маротиба аз ҷониби Худо офарида мешавад, сипас, ба таври доимӣ аз ҷисме ба ҷисми дигаре мегузарад.
Рӯҳ баъди аз ҷисм озод гаштан савори аробаи дучархаи дуаспа ба осмон, сӯи покию беғашӣ, сӯи «олами рӯҳон» парвоз менамояд. Вале аспе, ки ба зулму ситам пайванд аст, аробаро поён мекашад, рӯҳи вазнингаштаю қанотшикаста ба дунёи воқеӣ бармегардад.
Арасту
(Солҳои зиндагиаш
384-322 то милод)
Ф. Энгелс Арастуро дар байни мутафаккирони қадим, ки ба таҳқиқи «шаклҳои муҳимтарини тафаккури диалектикӣ» машғул буданд, «хирадманди аз ҳама универсалӣ» номидааст.
Арасту (Аристотел) ҳамчун олими ҳамадон на танҳо маҷмӯи илмҳои замонаашро ба куллӣ фаро гирифта буд, балки асосгузори илмҳои нави физика, биология, психология ва мантиқу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё