Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

рӯҳияи ашрофу аъён боварӣ дошт. Ҳангоме ки файласуф ба ин ҷо омад, ӯ ҳамагӣ 18 сола буду худро шогирди Афлотун меҳисобид. Вай мехост бо ёрии илми фалсафа ба давлатдории мустабидона тағйироти мусбат ворид созад ва маҳз барои ҳамин ҳам мутафаккири маъруфро ба кишвар даъват намуд. Аммо Дионий, ки ба ягон нафар бовар надошт ва ба ҳама касу чиз бо шубҳа менигарист, андешаву ақидаҳои файласуфро оид ба некиву накӯкории шоҳон ва одамон бо нобоварӣ мешунид. Алқисса Дион ҳис кард, ки панду насиҳати файласуф натиҷае набахшид ва ҳам макру ҳияли шоҳи золими аҳдшиканро ба назар гирифта, хост Афлотунро ба ватанаш гусел намояд. Дар киштии Поллид, сафири спартанҳо, Афлотун бехабар аз он ки сафир ба куштанаш аз шоҳ фармони махфӣ гирифтааст, ба сӯи Сиракуз шино кард. Дилу дасти Поллид ба куштани файласуфи мӯътабар нарафт, дар ҷазираи Эгин ба ғуломӣ фурӯхт. Он вақт Афина бо Эгин меҷангид ва ҳар шаҳрванди Афинаро дар ин ҷазира ғуломӣ интизор буд. Вақте ки Афлотунро ба майдончаи ғуломфурӯшӣ бароварданд, ӯро сокини маҳаллӣ Анникерид шинохт ва барои зуд озод намудан, харид.

Мегӯянд, ки дӯстони файласуф хостанд пайсаи Анникеридро баргардонанд, аммо ӯ инро рад кард. Он гоҳ дӯстон маблағро ба Афлотун бахшиданд. Вай бо ин пул дар Афина хонаеро бо боғаш харид ва мактаби фалсафӣ кушод, ки он то охири давраи атиқа фаъол буд.

Дар байни шунавандагон аз даҳ се нафар воизи машҳури давраи атиқа - Гиперид, Ликург ва Демосфен низ ҳузур доштанд. Ҳамаи онҳо на танҳо бо донистани фалсафа, балки чун воиз ва арбоби давлатӣ ангуштнамо буданд. Дар соли 366-и то милод дар Академия Арасту (Аристотел) пайдо шуд ва то аз дунё рахти сафар бастани Афлотун он ҷо монд.

Афлотун соли 347 то милод аз дунё чашм пӯшид. Дар бис-тари беморӣ ҳам менавишт ва «Давлат»-у «Қонунҳо»-ро таҳрир

пешина
аз 424
навбатӣ