100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
масоили диниро ҳал менамуданд, ёфтанд. Исо дар байни до-нишмандон менишаст ва ба онҳо саволҳо медод.
«Писарам,- нидо дод Марям,- чаро Ту бо мо ин тавр раф-тор кардӣ? Ана падари Ту ва Ман ба дарду ғам печида Туро ҷустем».
«Чаро Шумоён маро меҷӯед?- ҷавоб дод Исо. -Намедони-стед, ки Маро зарур аст дар мулки Парвардигор бошам?».
Марям дарк сохт, ки писари ӯ баргузидаи Илоҳист ва ба пешонии Вай бо равғани муқаддас чиллик кашида шудааст.
Модар ин сирро дар дил нигоҳ медошт ва ба касе наме-гуфт. Вақте ки ба Исо ваҳй омад, касе аз хешовандону рафиқо-ну ҳамдиёрон Ӯро нафаҳмид, ҳама беақлаш мехонд.
Дар Инҷил аз забони Исо омадааст: «Онҳое, ки дар паҳлӯи Мананд, Маро нафаҳмиданд». Ягона шахси наздикаш Мода-раш буд.
Марями Муқаддас пас аз қатли Писар чанде ҳамроҳи Иоанн дар Байтулмуқаддас зист, сипас ба шаҳри Эфес кӯчид ва ғояҳои Исоро фаъолона тарғиб намуд. Пеш аз вафоташ ба Байтулму-қаддас баргашт. Пеш аз марги ӯ ҳодисаҳои аҷоиб рӯй доданд. Худи Исо дар иҳотаи фариштаҳо савори абри пурҷило ба на-зди Модар омад ва рӯҳашро қабул намуд. Дар вақти реҳлати биби Марям ҳамаи апостолҳо, ба ғайри Фома ҳузур доштанд. Онҳо ӯро ба хок супурданд. Дар рӯзи сеюм Фома ҳозир гашту хоҳиши дидани ҷасади майит кард. Апостолҳо тобутро кушо-данд, вале онро холӣ диданд. Шабона, вақте ки шогирдони Исо ин ҳодисаро баррасӣ менамуданд, «осмон инфитоҳ (боз) шуд ва Марям намудор гашт. Ба мисли Писараш ӯ низ дар шакли одамиаш аз нав зинда шуд.
Дар асрҳои IV-V парастиши Марям шакл гирифт. Ба шара-фаш ҳамчун «Модархудо» ҷашнҳо созмон меёфтанд. Барои мардуми ҷабридаю аламзада симои ӯ дар ин дунёи ҷафокор ягона боиси хушнудист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор