Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бахшида ба биби Мария буданд. Назокати занона ва меҳри модарӣ дар маданияти ғарб бо сабуриву мутеии Марями кудсӣ ҳамоҳанганд. Сабаби апофеози (парастидани) ҳаёти ӯ тавал- луд ёфтани Исо шуд. Дар Вифлеем, маконе, ки ӯ бо ҳамроҳии Иосиф барои иштирок дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ома- да буд, Писар чашм ба гетии рӯшан кушод. Аслан, ҳаёти боқии Духтари кудсӣ пурра дар хизмати Исо сипарӣ гардид. Дар роҳи салибӣ Мария дар ниҳоди хеш кулли хислатҳои ҳамидаи зан- меҳри модарӣ, ғамхории хоҳарона, ёвари бовафоро ба ҳам муттаҳид сохт. Бесабаб дар Инҷили Филипп наомадааст, ки модари Исо, хоҳари ӯ ва Марями Магдалина як ном доштанд.

Вале Духтари кудсиро ҳамчун зарф, ки дар он одамху- доро ба замин оварда бошанд, тасаввур намудан хатост. Бо таваллуди тифл барои Мария дарки муҳити атроф оғоз ёфт. Агар писари ӯ ба эволютсияи рӯҳӣ зарурат надошта бошад, вай ба назди одамон аллакай муносиб ва комил омада буд, барои модар ба шахсият мубаддал гаштан корнамоии азиме ҳисоб меёфт. Пешгӯиҳои зиёд дар бобати ояндаи Исо баро- яш чи заҳматҳое меоварданд? Модар ба тифли нотавон ни- гариста бояд чиро мефаҳмид, вақте ки пири порсо Симеон аз дасти ӯ кӯдакро гирифта ва ба Мария чашм дӯхта иброз ме- дошт: «Ана вай дар пешорӯи бисёр болоравиҳо ва зарбхӯ- риҳои Исроил ва рамзҳои арбадаҳо истодааст, рӯҳи Туро оё шамшер мебурад?» Чӣ ҳиссиётҳои мағшушро аз сар гузаронд зани бечора, вақте ки ҷодугарон ба хонааш омада дар назди тифли ӯ зону мезаданд?

Албатта, Мария махлуқи баргузидаи Парвардигор ба ҳисоб мерафт, вале ин маънои онро надошт, ки тай намудани печу- тоби роҳҳо бароиш осон буд. Барои фаҳмидани ҳақиқати илоҳӣ хеле заҳмат кашид ва ранҷҳо дид.

Ана, Иосиф ва завҷаи ӯ ҳангоми бозгашт аз Байтулмуқад- дас Исоро дар шаҳри калон гум карданд, Ӯро хеле ҷустанд ва дар яке аз ҳуҷраҳои маъбад, ки он ҷо рӯҳониён ҷамъ омада

пешина
аз 424
навбатӣ