Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

рушд надод, ҳатто Арасту ҳам. Танҳо дар асри XIX Гегел ба он ба таври ҷиддӣ даст задааст. Афлотун муттасил ба хулосае омад, ки дунё офаридаи Худои яккаву ягона аст. Ин ақида баъдтар бо пайдо гаштани дини масеҳӣ хеле рушд ёфт.
Дар замони Афлотун ба ин ақида файласуфон фориғболона назар меандӯхтанд, зеро он аз сатҳи фаҳмиш ва дониши онҳо болотар меистод. Афлотун ба ҳамаи он мактабҳои фалсафие, ки баъди вафоташ созмон ёфтанд, таъсири амиқ гузошт.

Афлотун, номи аслиаш Аристокл, дар Афина таваллуд ёфтааст. Ниёгони падариаш аз авлоди шоҳи охирини Афина Кодр буданд. Вале на Афлотун ва на бародаронаш Главкон, Адимант ва бародари ӯгайаш Антифонт ба корҳои давлатӣ даст назаданд. Ҳамаи онҳо хондани китоб, шеър ва сӯҳбати файласуфонро дӯст медоштанд. Афлотун маълумоти ҳаматарафа гирифт. Тарбияи баданро аз паҳлавон Аристони аргосӣ омӯхт.
Ровиёни ахбор мегӯянд, ки ҳамин паҳлавони таҳамтан ба шогирдаш Аристокл, ки ба шарафи бобои падариаш чунин номида буданд, тахаллуси «Платон»-ро додааст. Гӯё барои тану тӯши бузург ё ҷбини васеаш. Ҳамин тавр Аристокл пури Аристон аз байн рафту ба таърих Платон - Афлотун ворид гашту ҷовид монд.

Соли 408 то милод Афлотун дар Афина бо Суқрот, файласуфи шӯҳратёр вохӯрд. Суқрот дар ниҳоди Афлотун мавҷудияти ҳақиқат ва матлабҳои арзишманди ҳаётро, ки ба шарофати заҳматҳои тӯлонии худтакмилдиҳӣ даст медиҳанд, ҷой намуд.

Риштаи дӯстии онҳо пас аз ҳашт сол, вақте ки дар Афина ҳукмронии мустабидона бо сарварии Критий, тағозодаи Афлотун устувор гашт, канда шуд. Зеро баъди чанде Суқрот аз олам даргузашт. Афлотун демократияи афиниро, ки устоди ӯро кушта буд, чашми дидан надошт. Вай қисми зиёди ҳаёташро ба тарзи бунёди давлати тамоман нав бахшид.

Баъди марги устодаш Афлотун ба сафар мебарояд. Дар
Бобулон илми астрономия меомӯзад. Баъзе ровиён дар ин

пешина
аз 424
навбатӣ