Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

беҳудудӣ), тоқ ва ҷуфт, як ва бисёр, рост ва чап, мард ва зан, ором ва ҷунбанда, рост ва қаҷ, нур ва зулмот, некӣ ва бадӣ, мураббаъ ва чоркунҷа. Яъне, Пифагор ва пайравонаш меҳостанд ҳаёти воқеиро дар муносибат бо ақадҳо алоқаманд созанд.

Ба Пифагор таълимот дар хусуси метемпсихоз, яъне аз як ҷисм ба ҷисми дигар интиқол ёфтани рӯҳро низ нисбат медиҳанд. Гӯё ӯ таъкид карда бошад, ки вай нахуст Эфалид, писари Ҳермес, буд. Баъд рӯҳаш дар растаниҳо ҷой гирифт, сипас ба ҷисми Эвфорб, яке аз қаҳрамонони муҳорибаи Троя, гузашт, аз вай боз ба тани ду нафари дигар.

Пас аз вафоти Пифагор таълимоти ӯ дар бисёр шаҳрҳои Юнони Бузург рушд ёфт.

Афлотун намояндаи барҷастаи идеализм буда, дар ин бобат суханони А.Н. Уайтхед хеле ба мавриданд. Ва ӯ чунин гуфта: «Ҷиҳати аз ҳама фарқкунандаи фалсафаи аврупой дар он аст, ки вай ба таълимоти Афлотун як қатор шарҳу эзоҳ дорад».

Диалектикаи идеалистии Афлотун қулlai баландтарини афкори диалектикии давраи атиқа буд. Баъди ӯ касе онро баландтар

пешина
аз 424
навбатӣ