100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
коргоҳи васлгарии ширкати «Форд» фаъол гашт. Соли 1932 дар Аврупо аллакай 12 филиал ва 9 коргоҳи васлсозии автомобили «Форд» амал мекарданд.
Вале Форд бо ин қонеъ нагашт. Вай соли 1913 бори нахуст дар дунё истеҳсоли пайдарҳами конвейерии мошинро ба роҳ монд. Ҳосилнокии меҳнат аз 40 то 60 дар сад афзуд. Соати кории ҳаштсоата ҷорӣ намуд, маоши коргаронро ду баробар боло бардошт.
Пешгӯӣ мекарданд, ки Форд касод мешавад. Аммо ӯ механдиду мегуфт: «Ман маоши баланд медиҳам, то ки коргаронам мошин харида тавонанд. Бо ин роҳ ман маблағи пардохтамро бозпас мегирам».
Форд ба ягон ҳизби сиёсӣ мутааллиқ набуд. Ба сенат интихоб шуданро нахост. Ҳатто соли 1924 Рузвелт, президенти ояндаи ИМА, ба ӯ гуфт, ки номзадиашро ба президентӣ монад. Аммо вай ин пешниҳодро қатъиян рад кард.
Генрӣ Форд идораи ширкатро ба зиммаи писараш гузошт. Соли 1943 Эдсел Форд аз дунё чашм пӯшид. Генрии солхӯрда боз ба ширкат баргашт. Соли 1945 ширкатро пурра ба ихтиёри набераи дӯстдоштааш Генрии дуюм супурд. Набера мувофиқи гуфти бобояш: «Шахсе, ки роҳбари коргоҳ аст, ҳуқуқи дар ҳуҷраи корӣ нишастан надорад. Ҷойи роҳбар дар ҳама ҷост. Вай бояд ҳама вақт дар ҳаракат бошад», амал мекард. 7 апрели соли 1947 Генрӣ Форд дар натиҷаи ба майна задани хун аз дунё реҳлат намуд.
Амволи шахсияшро, ки 600-700 миллион доллар арзиш дошт, мувофиқи васияташ ба хазинаи «Форд» интиқол доданд.
Меросхӯрон соҳиби дигар коргоҳҳояш шуданд. Дар рӯзҳои мо «Форд» яке аз ширкатҳои бузургтарини дунё ба ҳисоб меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё