100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ғайкаю шикастапораҳои оҳанӣ пур буданд. Гоҳо соатҳои вайрона меёфтам ва мекӯшидам, ки онҳоро ба ҳаракат дарорам. Дар сездаҳсолагиам соати вайронаеро соз кардам. Дар понздаҳсодагӣ ҳамаи навъҳои соатро таъмир намуда, «ҳаёти нав» мебахшидам, ҳарчанд асбобҳои махсуси челонгарӣ надоштам...
Кори хоҷагӣ заррае завқи маро намеовард. Чун дар ҳабдаҳсодагӣ дар устохонаи Драйдок шогирд истодам, хешовандон гуфтанд, ки бача ҳайф шуд. Ба техника, ки дилбаста будам, барномаи сесолаи шогирдиро зуд аз худ намудам. Шабҳо бошад дар устохонаи як заргар ба таъмири соатҳо шуғл меварзидам...»
Генрӣ дар 19-содагӣ ба хона баргашт ва барои худ устохонае сохт. Дар ҳудуди Мичиган гашта, техникаи хоҷагии қишлоқро таъмир мекард. Дар яке аз чунин сафарҳо бо духтараки зебо Клара шинос гардид. Ва ҳамон айём падар ба ӯ гуфт, ки аз баҳри мошин барояд, 40 арк ҷангалашро медиҳад.
«Ман муваққатан розӣ шудам, — менависад Форд, — зеро кор имкон медод, ки оила барпо намоям. Дастгоҳи дарахтбурӣ сохтам. Аз тахта хона ва устохона бунёд кардам. Бисёр мехондам ва ҳам аз таҷрибаи андӯхтаам истифода мебурдам. Ба комёбӣ сахт бовар доштам. Агар завқу рағбат бошад, кас ҳатман рӯзе ба мақсад мерасидааст».
Генрӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Вестингауз электрик» барои корҳои хоҷагӣ трактор сохт. Ӯро ба сифати муҳандис ва механик ба ширкати электрикии «Эдинсон» бо моҳонаи 45 доллар даъват намуданд.
Вай дар ин ҷо солҳои 1888-1899 кор кард ва то ба мансаби сармуҳандисӣ расид. Аммо Форд аз нияти мошинсозиаш нагашт, дар бинои хиштин лаборатория муҷаҳҳаз намуд ва тамоми вақти холиашро он ҷо сипарӣ мекард.
Дар синни 24-солагиаш вай дар рӯи варақ нақшаи аробаи механикиро кашид. Нахуст ба он деги буғӣ пайвастан хост. Вале зуд пай бурд, ки ин роҳ дуруст нест. Диққати ӯро муҳаррики

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё