100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
«Форд ихтироъкори фавқулистеъдод ва конструктори мумтоз буд, — навиштааст профессор И.А. Андреев. — Дар даврае, ки тамоми кишварҳои мутараққӣ ба истеҳсоли мошинҳои буғӣ ва бунёди истгоҳҳои барқии дар он замон мӯдгашта шуғл меварзиданд, вай нахустин шуда солҳои 1892-1893 ба истифодаи муҳаррики гази бесадо дар мошинҳои аввалин даст зад...
Форд, гуфтан мумкин аст, ки инсониятро бовар кунонида тавонист, ки автомобиль барои дилхушӣ ва ҳашамат набуда, балки воситаи ҳаракат ва сарфа намудани вақти гаронбаҳо мебошад».
Генрӣ Форд 30 июли соли 1863 дар оилаи фермер, дар наздикии Дирборни Мичиган чашм ба дунёи равшан кушод. Вай яке аз ҳаштумин фарзанди фермери муҳоҷири ирландӣ Уилям Форд, ки ба муҳоҷирзани ҳолландие хонадор шуда буд, ба ҳисоб мерафт. Генрӣ дар мактаби одию деҳотӣ таҳсил кард. Барои ҳар як шӯхию якравиҳояш сахт танбеҳ медид, зарби тасмаи падарро зиёд мехӯрд. Одатан аксар ӯро барои завқи беандозааш ба техника ҷазо медоданд.
Дар китоби машҳураш «Ҳаёт ва дастовардҳои ман» Форд ба ёд меорад: «Дар хоҷагии мо, ба мисли хоҷагии дигарон, зарур меомад, ки қариб ҳамаи корҳои вазнинро дастӣ анҷом диҳем. Ҳанӯз аз овони наврасӣ меандешидам, ки ин корҳоро ба дигар тарз ҳам иҷро намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, ман ба техника рӯ овардам ва модарам низ ҳамеша талқин мекард, ки ман техники модарзодам. Устохонае доштам, ки пур аз ҳама гуна асбобу қисмҳои оҳанӣ буд...
Рӯйдоди муҳимтарини ҳаётам, ин вохӯрӣ бо локомобил дар масофаи ҳашт мил аз Детройт буд. Он вақт мо ба коре ба шаҳр мерафтем ва ман дувоздаҳсола будам. Воқеаи хотирмони дигар низ дар ҳамин айём ба вуқӯъ пайваст. Ба ман соати дастӣ тӯҳфа карданд...
Бо «гуноҳ»-и ҳамин локомобил ман дилбохтаи автомобиль
шудам. Бисёр нусхаҳои мошинро сохтам ва дар охир ба мақсад расидам. Вақте ки ба шаҳр мерафтам, кисаҳоям ҳамеша аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё