100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Бастакор ду маротиба издивоҷ кардааст. Завҷаи нахустинаш Мария Барбара пас аз таваллуди чор фарзанд дунёро падруд гуфт. Пас аз як соли вафоти Мария Бах бо Анна Магдалена Вилкен ақди никоҳ баст. Анна дӯстдори мусиқӣ буду хуб ҳам месароид. Аз ду никоҳ Бах соҳиби зиёда аз бист фарзанд гардид, вале дар рӯзи вафоташ 28 июли соли 1750 танҳо 9 нафараш дар қайди ҳаёт буд. Писаронаш Вилгелм Фридеман, Филипп Эммануил, Иоҳанн Христиан мутрибони мумтозе буданд, духтари калонии Бах садои форами дошт.
Дар охири солҳои чилум саломатии бастакор бад гардид, пас аз ду ҷарроҳӣ чашмонаш нобино шуданд, вале ӯ ҳамоно асар эҷод мекард, вай мегуфту фарзандон менавиштанд. Ногаҳон чанд рӯз пеш аз марг Бах дунёи равшанро дид, аммо аз сактаи дил чашм пӯшид.
Архимед
(Солҳои зиндагиаш 287-212 то милод)
Баҳои Ситсерон, воизи бузурги аҳди қадим, донандаи «фазои архимедӣ», ки чархзании ҷирмҳои осмониро дар атрофи Замин нишон медод, нисбати Архимед бисёр ҳам ҳайратовар аст. Ӯ гуфта буд: «Ин ситсилиёӣ дорои заковате буд шигифтангез, ки ҳатто табиати одамӣ ба он расида наметавонист».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё