100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Кашфиёти сеюм ва аз ҳама ҳайратангези Алберт оид ба назарияи нисбият буд. Олим ба фикре расид, ки ягон ҷинси материалӣ наметавонад аз суръати рӯшноӣ тезтар ҳаракат намояд. Дар асоси ин ӯ ба хулосае омад, ки массаи ҷисм аз суръати ҳаракаташ вобаста аст ва дар ниҳоди он «Нерӯи нигоҳдошта» ниҳон аст, яъне массаи ба квадрати суръати рӯшноӣ зарбшуда. Чопи ин мақолаҳо ба Эйнштейн шӯҳрати безавол ва эътирофи академӣ овард.
28 июли соли 1910 писари дуюмаш Эдуард таваллуд шуд. Вай ҳамчун профессори кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи Сюрих, донишгоҳи Прага кор кард. Соли 1914 ба донишгоҳи Берлин даъват гашт. Соли 1915 кашфи назарияи умумии нисбиятро ба охир расонд, назарияи нави ҷозибаро пешниҳод кард. Эйнштейн ақидаеро ба миён партофт, ки ҷисмҳо ҳамдигарро ба худ намекашанд, чӣ тавре ки аз замони Исаак Ньютон ҳамин гуна меандешиданд ҳамагон. Балки фазои муҳит ва вақтро каҷ месозанд. Ин чунон ҳангомаи инқилобие буд, ки олимони зиёд Эйнштейнро дурӯғгӯи гузаро мепиндоштанд.
Дар байни бисёр ҳодисаҳо дар майдони гравитатсионӣ аз меъёр дур шудани шуоъҳои рӯшноиро низ Эйнштейн пешгӯй карда буд. Олимони инглис соли 1919 ҳангоми гирифтани офтоб ин ақидаи ӯро исбот карданд. Вақте ки ин расман тасдиқ гардид, Эйнштейн дар як заб шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Барои назарияи нисбият Эйнштейн ба мукофоти Нобел пешниҳод гашт, аммо баҳснокии кашфиёт аз байн нарафта буд. Аз ин рӯ Кумитаи нобелӣ пешниҳодро рад кард. Эйнштейн соли 1922 барои кашфи дигар қонунҳо ба ин ҷоизаи байналмилалӣ сазовор шуд.
Соли 1918 Эйнштейн аз завҷааш ҷудо шуда буд, 2 июни соли 1919 бо Элза оила созмон дод ва ба хонаи завҷаи наваш кӯчид. Вақте ки фашистон ба сари қудрат омаданд, Эйнштейн соли 1933 аз Олмон ба Амрико кӯчид. Алберт Эйнштейн зидди истифодаи силоҳи атомию водородӣ ташкилоте созмон дод ва ҳамаи сарварони кишварҳои абарқудратро аз оқибатҳои нохуши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё