Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ошёнаи дуюми хонаи баққолеро иҷора гирифт. Моҳи майи соли 1904 дар оилаи онҳо фарзанди нахустин Ҳанс чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Соли 1904 ӯ ба маҷаллаи «Солномаи физика» оид ба омӯзи- ши масъалаҳои механикаи стастикӣ ва назарияи молекулярии гармӣ мақолаҳо фиристод, ки онҳо соли 1905 ба табъ расиданд. Чӣ тавре ки физики маъруф Луи де Бройл иброз дошт, ин корҳои илмӣ ба мисли мушақҳои паррони пурҷило дар шаби торик бу- данд ва ба мо ба сӯи олами ношиносу беканор роҳ кушоданд.

Эйнштейн тавонист ҳаракати броунии молекулаҳоро шарҳ диҳад ва ба чунин хулоса ояд, ки масса ва шумораи молеку- лаҳои дар як ҳаҷми муайян бударо ҳисоб намудан мумкин аст. Пас аз чанд сол ин кашфиётро олими фаронсавӣ Ж.Перрон бори дигар кашф кард ва барои ин дастоварди илмӣ соҳиби мукофо- ти Нобел гардид.

Дар мақолаи дуюм шарҳи фотоэффект пешниҳод гашта буд. «Таҷрибаҳо нишон доданд, ки шуои рӯшноӣ ҳангоми аф- тодан ба рӯи баъзе металҳо аз онҳо электронҳоро зада меба- рорад,- навиштаанд дар китоби худ оид ба эҷодиёти олим П.Кар- тер ва Р.Хайфилд. Аҷоибаш ин ки ҳаракате, ки бо он электро- нҳо аз рӯйи метал канда мешаванд, на аз дараҷаи равшаннокӣ, балки аз ранги шуоъ вобаста будааст. Масалан, зери таъсири рӯшноии баланди арғувонӣ электронҳо бо суръати пасттар зада мебаромаданд, нисбат ба таъсири рӯшноии хираи кабӯд. Инро ақли ягон олим намегирифт, то он даме, ки Эйнштейн нерӯи квантии рӯшноиро пешниҳод накард».

Вай илмро пешорӯи парадокс-фикре, ки ба ақидаҳои маъ- мулӣ мувофиқат намекунад-вогузошт: шуоъ (рӯшноӣ) дорои хосиятҳои ҳам мавҷмонанд ва ҳам корпускулагӣ мебошад.

Ин хосиятҳои ба ҳам зиди рӯшноӣ тамоми умр Эйнштейн- ро дар панҷаи азоб нигоҳ доштанд. Дар охири умр ӯ ба Бессо навишт, ки дар хусуси чӣ будани кванти шуоъ то ҳол тасавву- роти аниқ надорад.

пешина
аз 424
навбатӣ