Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар соли аввали таҳсил дар Омӯзишгоҳи олии техникии Эйнштейн дар лабораторияи физикӣ бо шавқу завқи болониҳоя таҷрибаҳо мегузаронд. Вай аз он шоду мамнун буд, ки бевосита худ дониши андӯхтаашро дар амал месанҷад. Ба ғайр аз физикаи назариявӣ Эйнштейн солҳои донишҷӯияш ба илмҳои геология, таърих ва маданият, иқтисодиёт ва адабиётшиносӣ низ рағбати зиёд зоҳир месохт. Ва ҳамчунон ба худомӯзӣ шуғл меварзиду шуғл меварзид. Дар рӯйи мизи хониши ӯ асарҳои Ҳелмҳолтс, Ҳертс ва ҳатто Дарвинро дидан мумкин буд.

Тобистони соли 1901 Алберт бо баҳоҳои миёна Омӯзишгоҳи олии техникиро хатм намуд. Ӯ дипломи омӯзгори фанни физикаю математика ва соли 1901 ҳуқуқи шаҳрвандии Швейтсарияро соҳиб гашт. Ба артиши швейтсарӣ ӯро нагирифтанд, бар асари кафи ҳамвори по ва васеъшавии раги хунгардаш.

То баҳори соли 1902 Алберти дипломдор кори доимӣ наёфт. Вазъияташ рӯз ба рӯз бад мешуд. Вай боре гуфта буд, ки шояд барои рӯзгузаронӣ ҳаминаш мондааст, ки дар кӯчаҳо скрипка навохта бурдаи ноне ба даст орад. Дар ҳамин гуна рӯзҳои сангин Эйнштейн мақолаи «Натиҷаи назарияи капиллярнокӣ»-ро навишт ва он соли 1901 дар «Солномаи физика»-и Берлин ба нашр расид. Дар мақола баҳс дар бобати қувваҳои ҷозибаи байни атомҳои моеъ мерафт.

Ниҳоят бо тавсияи рафиқи риёзидонаш М.Гроссман Эйнштейн ба вазифаи мумайизи (эксперти) дараҷаи сеюми бюрои федералии патентҳои Берн бо маоши солонаи 3500 франк таъин гардид. Вай дар ин вазифа аз июли соли 1902 то октябри соли 1909 заҳмат кашид. Тарзи одӣ зиндагӣ ва кори осони бюрои патентӣ маҳз дар ҳамин солҳо ба ӯ шароит фароҳам оварданд, ки чун олими барҷастаи назарияи физика шуҳратёр шавад. Пас аз адои хизмати давлатӣ вақти зиёди холӣ мемонд ва олим онро ба тадқиқу таҳқиқ мебахшид.

Пас аз ним соли фаъолият дар бюрои патентӣ Алберт Эйнштейн бо Милева Марич ақди никоҳ баст ва бо ӯ ба Берн омада,

пешина
аз 424
навбатӣ