Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

комёбии беназири илмиро ҳис намуданд, физики бузург Макс Планк низ буд, ки чунин навиштааст: «Консепсияи вақти Эйнштейн ҳамчун ҷасорати илмӣ ба худ ҳамто надорад, бисёр мафҳумҳоро оид ба табиатшиносии муосир ва ҳатто назарияи фаҳмиши фалсафа қуллан тағйир дод...

Назарияи нисбият дар соҳаи физика табаддулоте ба вуҷуд овард, ки онро танҳо бо комёбиҳои илмии Коперник муқоиса намудан ва дар як саф гузоштан мумкин аст».

Алберт Эйнштейн 14 марти соли 1879 дар Олмон, дар шаҳраки Улм таваллуд ёфтааст. Вақте ки тифл яксола шуд, волидайни ӯ Ҳерман ва Полина Эйнштейнҳо ба Мюнхен кӯч бастанд.

Дар ҳафтсолагӣ Алберт гом ба остонаи мактаб ниҳод. Моҳи августи соли 1886 Полина ба модараш, бибии Эйнштейн, менависад, ки вай боз ҳам дар синфашон ҳангоми ҷамъбаст баҳои беҳтаринро сазовор гашт. Ақидаи Полина дар хусуси он, ки Алберти хурдакаки вай дар оянда профессор мешавад, пайваста сабабгори сӯҳбатҳо буд.

Дар нӯҳумисолагиаш дар гимназияи Луитполд мехонд ва Эйнштейн он солро чунин ёдовар шудааст: «Ман тайёр будам, ки танҳо барои аз қориазёд кардани матнҳои бесарунӯги динӣ халос шудан, ҳар гуна ҷазои сахтро таҳаммул созам».

Баъди хатми синфи шаш, вай то тирамоҳи соли 1895 дар Милан зист ва бо худомӯзӣ шуғл варзид. Тирамоҳи соли 1895 роҳи Швейтсарияро пеш гирифт, то ки ба Омӯзишгоҳи олии техникии Сюрих шомил гардад. «Политехникум» мегуфтанд он солҳо ин муассисаи таълимиро. Вале пеш аз он ки дар ин муассиса бихонад, ба ӯ лозим омад, ки синфи охирини мактабро дар Аарау ба итмом расонад. Ниҳоят моҳи октябри соли 1896 Эйнштейнро ба факултети омӯзгории политехникум қабул карданд. Таҳсил дар Аарау давраи тиллоии зиндагии Эйнштейн буд. Вай шаҳракро ин тавр васф намудааст: «воҳаи фаромӯшнопазирест, чӣ гунае ки Швейтсария барои Аврупост».

пешина
аз 424
навбатӣ