Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Иванович аз ин ҳол воқиф гашт. Вале ҳеҷ касу ҳеҷ чиз дигар қудрати ошиқро боздоштани надошт. Пас аз як моҳ онҳо бо ҳам баргаштанд. Зиндагии Менделеев куллӣ тағйир ёфт. Анна Ивановна зани басо меҳрубону дилсӯз буд. Дар оилаи нав аввал духтарча ва пас аз соле писараке ба дунё омаданд. Вале ин хурсандиҳо ва мушкилиҳои зиндагӣ ӯро аз илм дур карда натавонистанд.

Дмитрий Иванович то нафаси охирин баҳри пешрафти илм заҳмат кашид ва субҳи 20 январи соли 1907 дилаш аз тапиш монд.

Соли 1955 олимони амрикоӣ бо сарварии Г.Сиборг эле-менти кимиёвиеро таҳти рақами 101 кашф карда, ба он ба нишони эҳтиром ба олими барҷастаи рус «менделеевий» ном гузоштанд.

Алберт Эйнштейн
(Солҳои зиндагиаш 1879-1955)

Эйнштейн поягузори назарияи умумии нисбият буда, муаллифи асарҳои бунёдӣ оид ба назарияи квантии рӯшноӣ мебошад. Он чизе, ки дар илм Эйнштейн кашф намуд ва саҳм гирифт, дар воқеъ бемуҳобот инқилоби илмӣ буд, аз ин рӯ физикдонҳо каме дарк сохтанд, ки назарияи махсуси нисбият ин кашфиёти оламшумулест. Дар байни онҳое, ки ин

пешина
аз 424
навбатӣ